Мусобиқаи олимпии бокс аз Чин ба Урдун мунтақил шуд

Мусобиқаи интихобии олимпии бокс, ки мебоист дар Чин рӯзҳои 3-14 - уми моҳи оянда баргузор мешуд, акнун дар шаҳри Аммони Урдун доир мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Маризии сироятии коронавирус дар Чин боис ба тағйир додани макони баргузории мусобиқаи интихобии олимпии бокс шуд.

Коронавирус боиси иваз шудани макони баргузории мусобиқаи бокс шуд

Ба иттилои Кумиттаи милии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи интихобии олимпии бокс дар Осиё/Уқёнус акнун  3-11 март дар шаҳри Аммони Урдун баргузор мешавад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан тибқи нақша он бояд 3-14 феврал дар шаҳри Вуҳани Чин доир мегашт. Ҷои баргузории мусобиқа ба хотири авҷ гирифтани бемории коронавирус дар ин шаҳри Чин тағйир ёфт.

Донишҷӯи тоҷик аз даҳшати коронавирус дар Чин гуфт: "шаб намебароем, рӯз танҳо бо таксӣ "

Зимнан, Конфедератсияи футболи Осиё низ макони баргузории мусобиқаи интихобии гурӯҳи "В"-и олимпии бонувонро аз шаҳри Вуҳан ба шаҳри Нанҷинг гузаронд.  
Гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба баргузории мусобиқоти бокс хабарро тасдиқ кард. Баъд аз баррасӣ ва таҳлил пешниҳоди

Кумитаи миллии олимпии Урдун оид ба мизбонии мусобиқаи мазкур маъқул шуморида шуд. Доир ба масъалаҳои моддӣ-техникӣ ва эксплуататсионӣ кумитаҳои миллии олимпӣ, федератсияҳои миллӣ ва намояндагони расмӣ дар наздиктарин фурсат огоҳ карда хоҳанд шуд.

Дар айни замон шумораи ҳалокшудагон аз корнавирус дар Чин ба 26 нафар расида, 830 нафари дигар сироят ёфтаанд.