ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ахбор дар бораи эҳтимоли вогузор шудани идораи “Талко” ба Чин баъди табдили КВД “Ширкати алюминиуми тоҷик” ба ҷамъияти саҳҳомии кушода як “ҳаннотии ошкоро” - и расонаӣ мебошад, омадааст дар баёнияи расмӣ, зери имзои Игор Сатторов, мудири Департаменти иттилоърасонӣ ва робитаи умумии “Талко”.
Дар баёния, ки дастраси Sputnik Тоҷикистон шуд, ба манзури ҷилавгирӣ аз ҳар гуна гумонзаниҳо дар бораи ин масъала, ки пас аз гузариш ба ин шакли тиҷории мудирияти ширкат ва навсозии истеҳсолот бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ, соҳиби ширкати Ширкати алюминиуми тоҷик кӣ хоҳад буд, чанд маворид ба таваҷҷуҳи умум ва расонаҳо ҳавола кардааст.
“Дар ҳоли ҳозир, Ширкат алюминиуми тоҷик воқеан дар ҳоли музокира бо ҳамкорони чинӣ барои ҷалби сармоя барои навсозии тавлиди электиролизӣ аст ва онҳо ба фурӯши саҳмияҳо рабте надоранд”, - омадааст дар санад.
Бино ба он, тавофуқнома бо ширкати давлатии Чин China Machinery Engineering Corporation (CMEC), ки барои навсозии “Талко” 545 миллион доллар ихтисос додааст, ҳанӯз моҳи апрел қабл аз табдил ёфтани “Талко” ба ширкати саҳҳомӣ ба имзо расидааст.
“Илова бар ин, тавофуқнома дар чаҳорчӯби EPC (муҳандисӣ, таъмин, сохтмон) + F (маблағгузорӣ) имзо шудааст, ба ин маънӣ, ки эҷоди ягон корхонаи муштарак дар он пешбинӣ нашудааст - ширкати чинии CMEC кори навсозиро аз тариқи сармоягузориҳои ҷазбшуда анҷом медиҳад ва пас аз анҷоми он иншоотро ба таври комил дар ихтиёри Талко хоҳад гузошт”, - омадааст дар баёния.
Бино ба он, таҷҳизоти лозим барои навсозии “Талко” аз пардохти андоз бар арзиши изофа ва пардохтҳои гумрукӣ озод мебошад.
“Боздеҳ ё баргардонидани маболиғи сармоягузоришуда дар навсозӣ аз тариқи фурӯши алюминиуми тавлидшуда дар хатҳои нави электролизӣ анҷом хоҳад шуд”, - омадааст дар санад.
Дар баёния омадааст, дар асл як корхонаи ҷадид дар қаламрави Ширкати алюминиуми тоҷик сохта мешавад, ки зарфияташ, тибқи тарҳ, 300 ҳазор тон дар сол хоҳад буд.
“Аз 545 миллион доллари барномарезишуда, 435 миллион доллар барои сохтмон, 90 миллион доллари боқимонда сармояи гардиш хоҳад буд (муқоиса: тарҳи мушобеҳи сармоягузории EPC+F дар сохти корхонаи алюминиум дар Қазоқистон бо зарфияти 250 ҳазор тон дар сол бо ҳазинаи беш аз 1 миллиард доллар анҷом шудааст)”, - омадааст дар баёнияи “Талко”.
Бино ба баёния, пас аз навсозӣ “Талко” пешрафтатарин таҷҳизоти комилан худкор ё автоматӣ барои тавлиди алюминиумро дарёфт мекунад, ки дар пайи он ҳазинаи барқу навъҳои дигари тавлид тақрибан ба нисф коҳиш меёбад ва 94% - и алюминиум бо сифати баланди A7 ва A8 ба даст хоҳад омад.
“Яке дигар аз бартариҳои “Талко” иҷрои муваффақиятомези барномаи ҷойгузинии воридот тавассути ин ширкат аст, ки иҷоза медиҳад куллияи мавод аввалияи истеҳсолотро ба таври мустақил дар дохили кишвар истихроҷ кунад”, - хулоса шудааст баёния.
Изҳороти “Талко” дар ҳолест, ки чанде қабл Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйирот дар Қонуни хусусигардонии моликияти давлатӣ ин ширкат ва ҳам нерӯгоҳи барқи обии Роғунро аз қатори иншооте, ки моликияти истисноии давлат ба ҳисоб мераванд, хориҷ кард. Дар пайи ин тағйирот эътирозҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷомиа ба вуҷуд омаданд, ки ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад муҳимтарин иншоотҳои миллиро дар ихтиёри афрод ё ширкатҳои алоҳида гузорад. “Талко” ва неругоҳи “Роғун” соли 2009 моликияти истисноии давлат ё мардуми Тоҷикистон эълон шуда буданд. Қаблан як манбаъ дар ширкат ба “Sputnik Тоҷикистон” гуфта буд, ки саҳмияҳои “Талко” 100 фоиз дар дасти давлати Тоҷикистон боқӣ мемонанд.