Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Пас аз таниш дар марз: Қирғизистон 6 шаҳрванди Тоҷикистонро ҷустуҷӯ дорад

Мақомоти қудратии Ҷумҳурии Қирғизистон пас аз муноқиша дар марз шаш шаҳрванди Тоҷикистонро ҷустуҷӯ дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. ВКД Қирғизистон пас аз таниши шаби 10 январ дар марз, шаш шаҳрванди Тоҷикистонро дар пайгард эълом кард, хабар дод муовини вазири корҳои дохилии ин кишвар, Мирлан Каниметов.

"Шаш шаҳрванди Тоҷикистон пас аз муноқиша дар марз дар пайгард эълом шудаанд. Ҳамаи онҳо дар иғвогарӣ муттаҳам мешавнд", - гуфт ӯ зимни суханронӣ дар шаҳри Бишкек дар назди намояндагони Кумитаи корҳои хориҷӣ ва амнияти кишвар.

“Ваҷаб ба ваҷаб”: сиёсати пинҳони Қирғизистон дар марзҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон?

Ӯ афзуд, ки мақомоти дахлдори Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро аз ин кор бохабар карданд.

Музокироти тӯлонӣ анҷом ёфт: ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон чӣ тавофуқ карданд?

Ёдрас мешавем, ки муноқишаи навбатӣ шоми 9 январ дар марзи Тоҷикисону Қирғизистон ба вуқӯъ пайваст. Дар па ин таниш сокинони наздимарзӣ ҳамдигарро сангборон карданд.

114 аз 467 км: Тоҷикистону Қирғизистон қадами аввалро бардоштанд

Дар изҳороти Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон гуфта мешавад, ки шоми 9-уми январи соли 2020 гурӯҳи калони сокинони маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Бодканди ҶҚ, ки бо силоҳи шикорӣ мусаллаҳ буданд,  дар назди хонаи сокини маҳаллӣ Абдулаев Султанбек Исмаилович ва бинои Шуъбаи минтақавии корҳои дохилии Коктош ҷамъ омада, барои аз роҳи деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара гузаштани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон монеа эҷод кардаанд.

Аз Ятимов то Раҳимзодаю Раҳмон дар сарҳаданд: ченкунию гуфтушуниди генералҳо дар марз

Дар изҳорот гуфта шуд, ки тахминан соати 21.30 дақиқа онҳо автомошинаи сабукрави тамғаи "Мерседес бенс"-ро, ки ба сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Аъзамов Зафар тааллуқ дорад, сангборон карда, оинаи онро шикастанд.
КДАМ афзуда буд, ки дар посух ба ин амали иғвогарона, тахминан соати 00:10 дақиқа, сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло воситаи нақлиёти қирғизҳоро бо санг задаанд.

Намояндагони Қирғизистон хабар доданд, ки низоъ баракс аз тарафи сокинони наздимарзии Тоҷикистон оғоз шудааст.

"Мо барои ҳар ваҷаб ҷон меканем": Раззоқов фурӯши замин ба тоҷиконро хиёнат гуфт

Бино ба иттилои расмӣ, соли 2019 дар минтақаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон 14 муноқишаю тирандозӣ иттифоқ афтодааст, ки 6 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистонро кушта ва зиёда аз 60 нафарро захмӣ ба ҷой гузоштааст.