"Ҳамин тавр шуд": Тоҷикистон аз ҳама бештар бурсияҳои Русияро ба даст овард

Тоҷикистон аз миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ бештарин ҳиссаи бурсияҳои таҳсилии Русияро ба даст овардааст. Ҳамзамон пас аз Чину Ветнам сеюмин кишвари ҷаҳон аст, ки мавриди инояти Маскав қарор мегирад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Игор Лякин – Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, аз 15 ҳазор квотае, ки ҳукумати Русия барои кишварҳои ҷаҳон тахсис додааст, 630 адад ҳиссаи Тоҷикистон аст.

Вай афзуд, ин далели барҷастаи мушорикати стратегӣ ва омодагии Русия дар тарбияи кадрҳо барои Тоҷикистон аст.

"Агар ин рақамро бо ҳиссаи кишварҳои дигар муқоиса кунем, мебинем, ки Русия ва раҳбарияташ таваҷҷӯҳи вижа маҳз ба Тоҷикистон доранд. Ҳамин тавр шуд. Аз ин хотир, мо то ҷое дар тамоми кураи замин он чӣ марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аст, пешсаф ҳастем", – гуфт сафири Русия дар Тоҷикистон.

Бурсияҳое, ки ҳукумати Русия барои довталабони тоҷик тахсис додааст, бар асоси тавофуқ ва ҳамкории "Россотрудничество", ниҳоди фарҳангии Русия ва вазорати маорифи Тоҷикистон ва дар пайи як барномаи вижа тақсим мешаванд.

Қариб 24 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия таҳсил мекунанд

Михаил Вождаев, раҳбари "Россотрудничество" дар Тоҷикистон мегӯяд, довталабони тоҷик барои ба даст овардани ин бурсияҳо бояд аз имтиҳонҳои хаттиву тестӣ гузаранд.

Бурсияҳои таҳсилӣ барои довталабони тоҷик: Русия – 630, Украина – 20

"Онҳо ҳамагӣ аз забони русӣ хаттӣ имтиҳон мешаванд. Дар идома, бино ба кластерҳое, ки интихоб кардаанд, аз санҷиши тестӣ хоҳанд гузашт. Ҳамин тавр, дар кластери фаннӣ аз фанҳои физикаву математика, тиббӣ – химияву биология, башарӣ – таъриху табиатшиносӣ ва агар ихтисоси иқтисодӣ дошта бошанд, аз математика тест месупоранд", - гуфт Вождаев.

Имтиҳонҳо дар ду марҳала ва дар 5 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар ва Кӯлоб баргузор мешаванд.

Ҳуҷҷатсупорӣ тариқи сомонаи "Россотрудничество" 20 январ шурӯъ шудааст.

Ҷадвали санҷишҳо миёни "Россотрудничество" ва вазорати маорифи Тоҷикистон мувофиқа мешавад.

Дар гузашта марҳилаи аввали санҷишҳои интихобӣ 21 феврал оғоз мешуд, аммо ба қавли Вождаев, соли равон ҳанӯз ҷадвал дақиқ нашудааст, зеро дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад ва кормандони соҳаи маориф бо он машғул хоҳанд шуд.

Вай афзуд, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳамватаноне, ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд ва ашхоси бидуни тобеият имкон доранд, ки ин бурсияҳоро ба даст оранд.

Барномаи санҷишҳо ва мӯҳтавои онро мутахассисони Русия дар ҳамдастӣ бо намояндагони 10 донишгоҳи мӯътабар ва шарики кори "Россотрудничество" омода кардаанд.

Дар умум довталабон метавонанд бурсияи таҳсили 36 мактаби олии Русияро ба даст оранд.

Панҷ далели ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар Русия – акс

Бино ба иттилои "Россотрудничество", соли гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди 3,5 ҳазор нафар барои ба даст овардани бурсияҳои таҳсилии Русия ҳуҷҷат супорида буданд, ки аз ин теъдод ҳудуди 700 нафар талабгори таҳсил дар магистратура, аспирантура и ординатураҳои Русия буданд.

Бино ба иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, ҷалби шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ба макотиби олии Русия бар пояи як барномаи федералӣ, ки аз сӯи президенти ин кишвар тасдиқ шудааст ва содироти маорифи Русияро ҳадаф қарор додааст, анҷом мегирад.

Игор Бурулко, котиби аввали сафорати Русия дар Тоҷикистон, мегӯяд, пеши мо вазифаи стратегӣ гузошта шудааст, ки то соли 2024 теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ дар Русияро ду баробар афзуда, ба 420 ҳазор нафар расонем.

"Мо фақат ба миқдор на, ба сифат низ такя мекунем. Бояд донишҷӯи зиёд бошад, аммо бояд донишҷӯи соҳибистеъдоди зиёд низ бошад. Ва бурсия дақиқан абзори умумиест, ки аз як сӯ сатҳи ҳамкориҳои башариро боло мебарад, аз сӯи дигар, имкон медиҳад довталабони соҳибистеъдодро ба донишгоҳҳои пешгоми Русия ҷалб кунад", - гуфт Бурулко.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои "Россотрудничество", 630 бурсияи таҳсилӣ теъдоди ҳудуди 10% - и довталабони тоҷикро ташкил мекунад, ки ҳамасола барои таҳсил ба Русия мераванд.

Глебова: Русия 15 ҳазор хориҷиро барои таҳсили ройгон даъват мекунад

Ба қавли Михаил Вождаев, раҳбари ин ниҳод, теъдоди миёнаи довталабони тоҷик, ки ҳамасола вориди макотиби олии Русия мешаванд, ҳудуди 6 то 7 ҳазор нафар аст, ки аксарият бо стипендияҳои ҳукуматӣ ва мустақилона озими Русия мешаванд.

"Қисме ҳам бо маболиғи шахсӣ ё пуштибонони молии худ ба донишгоҳҳои Русия дохил мешаванд, аммо теъдоди онҳо хеле кам, тақрибан 30% аст", - гуфт Вождаев.

Тибқи иттилои вазорати маорифи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар макотиби олии Русия 24 ҳазору 600 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки аз ин теъдод ҳудуди 18 ҳазор нафар ё беш аз 70% аз буҷаи Русия таъмини молӣ мешаванд.

Илҳом Камолзода, сарвари Раёсати равобити байнулмилалии вазорати маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, Русия дар ҳоли ҳозир дар ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил миёни кишварҳои дигар пешгом аст.

"Меъёрҳои таълими ду кишвар хеле наздиканд, аз сӯи дигар, шарикии стратегии ду кишвар ва ҳам имтиёзҳои Русия барои шаҳрвандони кишварҳои собиқ Шӯравӣ сабабҳои асосии интихоби донишгоҳҳои он кишвар аз сӯи шаҳрвандони мо шудаанд", - гуфт Камолзода.