ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Муовини сарвазири Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазифа озод шуд.
Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Зокирзода бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини сарвазири Тоҷикистон барканор гардид.
Ҳамзамон бо фармони роҳбари давлат Вазири адлияи Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам низ аз вазифа озод шуд.
"Шоҳмурод Рустам бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад", - омадааст дар хабар.
Зимнан,бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Тағойзода Сумангул Саид низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон озод гардид.
Фармонҳои мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.
Манбаъ меафзояд, Қодирзода Аюбҷон Қодир бо хоҳиши худаш аз вазифаи судяи суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд барканор карда шуд.