Сароянда Юлдуз Усмонова ҳоҷибибӣ шудааст - акс, навор

Кадом вақт сурат гирифтани сафари Усмонова ба Ҳаҷ маълум нест, вале аз нашри аксҳо ба назар мерасад, ки ин зиёрати ӯ аз шаҳру маконҳои муқаддаси Ислом, эҳтимол дар рӯзҳои аввали соли ҷорӣ иттифоқ афтодааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Юлдуз Усмонова, сарояндаи машҳури Узбакистон ба зиёрати Ҳаҷ рафтааст.

Дар ин бора худи овозхон бо нашри чанд аксу видео дар саҳфаи расмиаш дар Инстаграм хабар додааст.

Аз нашри видеову аксҳо дида мешавад, ки Юлдуз Усмоноваро барои сафари Ҳаҷ шавҳар ва ҳамкоронаш ҳамроҳӣ кардаанд.

Инчунин, дар як пораи видеои нашршуда дида мешавад, ки аснои сафар дар Арабистони Саудӣ, Юлдуз ба яке аз ҳамватанонаш вохӯрда, онҳо бо ҳам сафари хубро таманно мекунанд.

Кадом вақт сурат гирифтани сафари Усмонова ба Ҳаҷ маълум нест, вале аз нашри аксҳо ба назар мерасад, ки ин зиёрати ӯ аз шаҳру маконҳои муқаддаси Ислом, эҳтимол дар рӯзҳои аввали соли ҷорӣ иттифоқ афтодааст.

Юлдуз Усмонова: агар барои Каримова намесароидам аз саҳна маҳрум мешудам

Дар поёни аксҳои нашрнамудаи Юлдуз Усмонова дар Инстаграм корбарони интернет ва ҳаводорон аз сафари сароянда ба шаҳрҳои бузурги Маккаи Мукаррама ва Мадинаи Мунаввара шарҳ навиштаанд.