Парлумон созишномаи таъсиси корхонаи “Артел Авесто Электроникс”-ро баррасӣ кард

Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Парлумони Тоҷикистон созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон, ширкати “Авесто Гурӯҳ” ва ширкати “Artel Engineeringand Management”-и Узбакистон барои сохтмони корхонаи истеҳсоли техникаи маишии “Артел Авесто Электроникс” баррасӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik.  Имрӯз дар ҷаласаи  Шӯрои палатаи поёнии Парлумони кишвар, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон, ҷамъияти дорои маъсулияти маҳдуди “Авесто Гурӯҳ” ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ArtelEngineeringandManagement”-и Узбакистон оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли техникаи маишии “Артел Авесто Электроникс” дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Парлумони кишвар, Созишномаи мазкур ҳануз соли 2018 ба имзо расида буд.

Парлумон созишномаи Ҳукумат бо “Авесто Гурӯҳ”-ро ҷонибдорӣ кард

“Дар натиҷаи гуфтушунидҳои дуҷониба мутахассисони ҳарду ширкат дар шаҳри Душанбе ва Тошканд қарор қабул карду шуд, ки дар ҳамкорӣ бо ширкати ватании “Авесто Гурӯҳ” корхонаи муштарак таъсис дода шавад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Ҳамин тавр моҳи феврали соли 2019 корхонаи муштараки “Артел Авесто Электроникс" дар шакли ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд бо иштироки ҳиссавии байни ду ширкат дар ҳаҷми 50/50 фоизӣ ташкил карда шуд.

“Дар доираи лоиҳаи созишномаи мазкур имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ва дигар дастгириҳо тибќи дархости ҷониби ширкати ӯзбекистонӣ ва ширкати ватанӣ барои 5 сол пас аз тасдиќи созишнома пешбинӣ гардидааст”. – зикр намудааст манбаъ.

Дар ин замина, тибқи қонунгузории амалкунанда Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон, ширкати “Авесто Гуруҳ» ва ширкати “Artel Engineering and Management”-и Узбакистон доир ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли техникаи маишии “Artel Avesto Electronics” дар шаҳри Душанбе бо сармоягузории умумии 10 млн. доллар таҳия шуда, бо қрори дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019 тасдиқ шудааст.