Иҷозати хусусӣ кардани амволи “Роғун” ва “Талко”: Ҳукумату парлумон пазируфтанд

Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва “Ширкати алюминийи Тоҷик” аз феҳристи объектҳое, ки хусусӣ гардонда намешаванд, хориҷ карда шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафтаи гузашта тағйироти мазкур ба қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ”-ро, ки Ҳукумати кишвар пешниҳод кард, қабул намуд.

“Талко” куҳна шуд: Раҳмон қарораш дар бораи корхонаи алюминийро шарҳ дод

Бар асоси тағйирот, ки лоиҳаи онро раисиҷумҳури Тоҷикистон 30 декабри соли гузашта имзо карду Маҷлиси намояндагон ҳафтаи пеш пазируфт, аз моддаи 9-и қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ”, калимаҳои Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” хориҷ карда шуданд.

Моддаи 9-и қонуни мазкур дар бораи объектҳоест, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва дар он таъкид шудаст, “амволи нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, нерўгоҳи барқи обии “Роғун” ва корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” хусусӣ гардонида намешаванд”.

Бо қабули тағйироти ахир, “Роғун” ва “Ширкати алюминийи тоҷик” аз ин феҳрист хориҷ гардиданд.

Орзу Аҳмадзода, ноиби раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зимни тавзеҳи лоиҳа изҳор дошт, ки мақсади тағйирот баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва танзими саҳмияҳои НБО “Роғун” мебошад.

Зикр шуд, ки КВД  “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва як қатор корхонаҳои ғайриистеҳсолии он низ ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ бо 100 фоиз саҳми давлат табдил дода шуданд. Аҳмадзода инчунин ёдрас кард, ки соли 2010  ба маблағи беш аз 800 миллион сомонӣ саҳмияҳои “Роғун” ба шаҳрвандони кишвар фурӯхта шуданд.

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар нақшаи чорабиниҳо барои баланд бардоштани самаранокии кори “Ширкати алюминийи тоҷик” барои солҳои 2019 – 2024 қабул гардида, Ҳукумат барои табдили корхона ба ҷамъияти саҳомии кушода қарор қабул кард. Ахиран хабар дода шуд, ки ширкати чинӣ барои навсозии "Ширкати алюминийи тоҷик" 545 миллион доллар ихтисос хоҳад дод.