ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputniк. Размикори муҳорибаҳои омехта Лоиқ Раҷабов ба Тоҷикистон бозгашт.
Дӯстон, ҳаводорон ва волидон Лоиқро дар фурудгоҳи Душанбе бо шиори "Тоҷикистон ба пеш" истиқбол гирифтанд. Раҷабовро таҳти навои карнаю сурнай пешвоз гирифтанд.
Размикори тоҷик пас аз чаҳор соли зиндагӣ дар Олмон ба Ватан баргашт.
Лоиқ Раҷабов соли 2019 дар сабқати бонуфузи Professional fight league ширкат кард. Дар ин мусобиқа Раҷабов чандин рақиби худ аз ҷумла Ислом Мамедовро, ки ҳамроҳи варзишкори номӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов тамрин мекунад, мағлуб кард.
Сабқати ниҳоӣ шаби соли нав 31 декабр дар аренаи Медисон дар Ню-Йорк баргузор шуд.
Раҷабов дар қуввасанҷии ҳалкунанда бар зидди размикори бразилиягӣ Натан Шулте барои $1 миллион доллар мубориза бурд. Дар ин мусобиқа бо баҳогузории доварон пирӯзӣ ба варзишкори бразилиягӣ Натан Шулте дода шуд.
Размикори тоҷик ҳамшаҳрии Ҳабиб ва Вейдро мағлуб карда ба финали PFL роҳ ёфт - видео
Лоиқ Раҷабов дар Данғара таваллуд шуда, пас аз 7-солагӣ хонаводаи онҳо ба Душанбе омадааст.
Лоиқ аз кӯдакӣ ба варзиш машғул буда, баъдтар ба самбои муҳорибавӣ ва MMA мегузарад.
Панҷ сол пеш Лоиқ Раҷабов ба Русия рафта, дар клубҳои Маскав бо ин навъи варзиш машғул шуда, дар вақти холигиаш кор мекард.
Чаҳор сол пеш ошноҳояш ӯро ба Олмон даъват карданд. Лоиқ дар он ҷо тамринҳои худро дар клубҳо идома дода, дар мусобиқаҳои маҳаллӣ ҳанарнамоӣ мекард ва дар якчанд мусобиқаҳои MMA Championship German (GMC) ғолиб омадааст. Баъдтар ӯ бо оилааш ба Олмон кӯчида бо PFL шартнома имзо кард.