ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои расмии мақомоти Тоҷикистон, хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар даври чоруми олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 237 ҷойи ифтихориро ишғол кардаанд, ки дар сатҳи кишвар нишондиҳандаи беҳтарин арзёбӣ мешавад.
Медалҳои гирифтаи муҳассилини шаҳри Душанбе дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 88 адад бештар арзёбӣ мешавад. Дар олимпиадаҳои байналмилалӣ шогирдони мактабҳои пойтахт 171 ҷойи ифтихориро соҳиб шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар ифтитоҳи мактаби рақами 65-и ноҳияи Шоҳмансур изҳор дошт, ки дар соли 2019, 10 хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе таҳсилро бо медали тилло хатм кардаанд, ки дар миқёси мамлакат аз ҳама зиёд мебошад.
Маҷлис созишномаи Тоҷикистону Русияро ба тасвиб расониду Зуҳуров нигарон шуд: кадр нест
Инчунин Маркази миллии тестии назди назди раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ додаст, ки дар соли таҳсили ҷорӣ 90 дарсади хатмкардагони мактабҳои пойтахт ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷи мамлакат дохил шудаанд, ки ин рақам дар сатҳи кишвар баландтарин ба ҳисоб меравад.