Милисаҳои Душанбе тайи се рӯз пайвандони зани дар садама ҳалокшударо меҷӯянд

Ронандае дар пойтахти Тоҷикистон бидуни ҳуҷҷат ва бе рақами қайди давлатӣ мошин ронда, занеро пахш кардааст. Дар натиҷа ҷабрдида ба ҳалокат расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Ҳодиса 10 январи соли равон рух додааст. Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ронандае дар Душанбе бидуни ҳуҷҷат ва қайди давлатӣ мошин ронда, ба садама дучор гардидааст.

Фоҷеа ҳангоми бозгашт аз Узбакистон: ВУД мегӯяд, ҷурми ронанда буд

"10-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Хова", бе рақами қайди давлатӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ, шаҳрванд Мадаминов Муҳаммад Мадаминович, соли таваллудаш 1977, сокини кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Лоҳутии пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълум зани тахминан 40-45-соларо пахш намудааст", - тавзеҳ медиҳад ВУД.

Дар натиҷа, зани шахсияташ номаълум ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Барои муайян намудани шахсияти зани мазкур чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.