ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дар натиҷаи садамаи нохуши нақлиётӣ дар Конибодом як наврас ба ҳалокат расид, хабар медиҳад ВУД Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, 8-уми январи соли 2020, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Каримов Турсуналӣ Валиевич, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди Конибодом-Хуҷанд, дар 32-юм километри ҳудуди деҳаи Ниёзбек аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
"Дар натиҷа, велосипедрони ноболиғ Рӯзибоев Бахтиёр Ғуломович ва Умронов Далерҷон Дилмуродович, соли таваллудашон 2006, хонандагони синфи 7-уми МТМУ, сокинони шаҳри Конибодом, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Мутаассифона, дар беморхона ноболиғ Урмонов Д.Д. ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.