ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дар конфронс, ки таҳти роҳбарии Абдуҷаббор Азизӣ, ноиби аввали раиси ҲХДТ баргузор шуд, ба ҳайси номзад аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб №37 Шариф Ҳакимзода пешбарӣ гардид, хабар додаст "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, Шариф Ҳакимзода аз 21 феврали соли 2014 дар мансаби мушовири бахши ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаҳои кадрҳо кор мекунад.
Пешниҳоди номзадии Холмаҳмадзода ба вакилӣ дар парлумон
То ҳол ҲХДТ аз ҳавзаи интихоботи Турсунзода номзадии Солеҳа Холмаҳмадзода, ноиби раиси ин шаҳр, аз ҳавзаи интихоботии Ванҷ номзадии Қодири Қосим, собиқ раиси Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, аз ҳавзаи Сино номзадии Рустами Шоҳмурод ва аз ҳавзаи Ҷайҳун номзадии Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар интихоботи парлумонӣ пешбарӣ шудааст.