Рақси ҳукуматдорони Туркманистон зери навои мусиқии Бердимуҳаммедов - навор

Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов бо шеваи хос соли нави мелодиро дар ҳалқаи ҳукумтдорон ва элиаи ин кишвар ҷашн гирифт
Sputnik

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов раисҷумҳури Туркманистон соли 2019 - ро ба таври хоса ва фарқкунанда гусел кард. Номбурда дар ҳалқаи ҳукуматдорон ва элитаи ин кишвар дар базми Соли навӣ худ ҳунарнамоӣ кард.

Президент бо се забон суруд хонда, ҳамаро қоил кард - Навор

Навори ҳунарнамоии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар як чорбинии Соли навӣ ахиран ба шабакаҳои иҷтимоӣ  роҳ ёфт.

Гуфта мешавад, Бердимуҳаммедов дар ин чорабинии Соли навӣ қариб ним соат дар асбобҳои  мусиқӣ навохт ва иштирокчиён, ки ҳукуматдорон ва доираи элитаи Туркманистонро ташкил медиҳанд, ба шавқи зиёд зери навои мусиқии ӯ рақсиданд.

Ҳунарманди асил будани Бердимуҳаммедов борҳо собит шуда буд. Раисҷумҳур ҳам ҳунари суруд хондан ва ҳам навохтани асбобҳои мусиқиро дорад.

Ҳамаро қоил кард: ҳунари нави президент - штангбардорӣ (ВИДЕО)

Чанде қабл Бердимуҳаммедов дар бораи курраи асп бо лақаби “Ровач”, ки маънии хушиқболро дорад, рэп хонд.
Раисиҷумҳури Туркманистон матни рэпро худаш эҷод карда, дар пойгаи бахшида Иди миллии аспи туркманӣ иҷро намуд. Муаллифи оҳанг -  набераи раисиҷумҳур, Каримгулӣ муаррифӣ шуд, ки зимни иҷрои рэп бо бобояш ҳамовозӣ кард.

Ин дуюмин рэпхонии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар пеши омма мебошад. Ӯ моҳи июли соли 2018 рэп дар мавриди Туркманистони варзиширо иҷро намуд, ки матни он низ моли худи раисиҷумҳур ва оҳанги он маҳсули эҷоди наберааш буд.