Соҳиба Давлатшоева мушкили аслии санъати тоҷикро гуфт - видео

Раҳбари ансамбли фолклории "Помир", фалаксарои маъруф Соҳиба Давлатшоева мегӯяд мушкили аслии санъати тоҷик дастгирӣ наёфтани ҳунармандони асил аст
Sputnik

Соҳиба Давлатшоева овозхони маъруф ва фалаксаро, роҳбари ансамбли "Помир" - 26 феврали соли 1970 дар деҳаи Чарсеми ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба дунё омадааст.

Мавлуди Оқохони IV бо ҳузури 7 ҳазор мурид дар Маскав: дидаю шунидаҳо дар ҷашни бузург

Ӯ аз шашсолагӣ суруд мехонд ва аз синфи 1 дар чорабиниҳои фарҳангии мактабӣ ширкат мекард.

Солҳои баъдӣ ширкаткунандаи фаъоли озмунҳои "Ғунчаҳои умед" ва "Бӯстон" буд, ки барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон аз манотиқи дурдасти Тоҷикистон баргузор мешуд.

Хатмкардаи Донишгоҳи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад. Миёни мардум бо таронаҳои халқӣ ва фалакӣ машҳур аст.

Соҳиба бовар дорад, ки шеъри Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ "Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт", ӯро миёни мардум машҳур кард.

Ӯ ахиран дар ҷашнвораи байналмилалии "Таронаҳои Шарқ", ки дар майдони Регистони Узбакистон баргузор шуд, ширкат карда, мақоми саввумро гирифт. Ӯ раҳбари ансамбли этнографии "Помир" дар шаҳри Душанбе мебошад.