Дайн пеши Ғафуров ё моҷарои чопи “Тоҷикон” дар Кобул - қисми 2

Ба зудӣ дар манзили Усмонов дар микрорайони Кобул гурӯҳи мутахассисони тоҷик, аз ҷумла Кароматулло Олимов, Қурбон Бобоев, Зуҳуриддин Юсупов, Ҳабибулло Бобоев, Равшан Раҳмонов ва дигарон ҷамъ омаданд, то мавзӯи чопи “Тоҷикон” – ро ба баррасӣ гиранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik.  Аввал, ба Қурбон Бобоев, ки таърихшинос буд, пешниҳод шуд, ки ин корро анҷом диҳад, аммо ӯ ба далели масруфияти зиёд, аз ҷумла (бо иттифоқи Иброҳим Усмонов) тарҷумаи китоби “Таърихи Афғонистон" (1982) – и Юрий Ганковский ба дарӣ ин пешниҳодро рад кард.

Дайн пеши Ғафуров ё моҷарои чопи “Тоҷикон” дар Кобул - қисми 1

Қисми 1-и матлабро аз ин пайванд бихонед

“Қарор шуд, китобро ба Сиддиқӣ супорем, ки яке аз муаррихони қавӣ буд, аммо хати тоҷикиро намедонист. Агар розӣ шавад, Равшан Раҳмонӣ мехонад, Сиддиқӣ ба хати форсӣ менависад. Чунин ҳам шуд. Ман ҳар ҳафта бо онҳо нуктаҳои нофаҳмо ё баҳснокро ба баррасӣ мегирифтам”, - қисса мекунад Усмонов.

Раҳмонӣ ва Сиддиқӣ рӯзҳои ахири моҳи декабри соли 1983 ба баргардони “Тоҷикон” шурӯъ карданд. Зимистони қаҳратуне дар Кобул ҳукм меронд. Пойтахти Афғонистон барқу гармӣ надошт. Ин ду нафар худро бо гарданбанду палто печида, аз чароғи бобоии карасинӣ кор мегирифтанд. Қуюди шабгардӣ дар Кобул эълон шуда буд. Сиддиқӣ маҷбур буд, шабҳо дар хонаи Раҳмонӣ бимонад.

“Ба хотири наздик кардани забони асар ба дарӣ аз луғатҳои маъруф, назири “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ва “Луғати Деҳхудо” истифода карда, бархе ҷумлаҳоро тағйир медодем. Мо аз устод Усмонов, ки мушовири декани факултаи умури иҷтимоӣ буданд, хоҳиш кардем, ки кори баргардони “Тоҷикон” - ро қонунӣ кунанд. Он кас ба декан хабар доданд, ки ҳамчунин як китоб ҳаст, бояд ду нафар масъули баргардон шавад. Ҳамин тавр, чопи китоб ба нақшаи кафедраи таърих ворид карда шуд”- - мегӯяд Раҳмонӣ.

Ба ҳар оила дар Тоҷикистон китоби “Тоҷикон” тақдим мешавад

Баргардони “Тоҷикон” то моҳи майи соли 1984 анҷом шуд. Раҳмонӣ тарҷумаи ҳоли Бобоҷон Ғафуровро омода карда, ба Сиддиқӣ дод, то дар пешгуфтораш истифода кунад.

“Китоб тайёр шуд. Ман аз Муҳаммад Козим Оҳанг, ки ҳамкасби ман ва ҳам райиси чопхонаи Донишгоҳи Кобул буд, хоҳиш кардам, ки китобро ротапринт ё гистиснар кунад, яъне на чопи ҳуруфӣ. Дар мо ҳам асарҳои илмиро ротапринт мекарданд. Ин кор моҳи май анҷом шуд. Бачаҳои факултаи журналистикаро эъзом кардем, то китобро варақчинӣ (фалсофка) кунанд. Равшан Раҳмонӣ, ки як ҷавони чаққон буд, раҳбарии ин корҳоро бар дӯш дошт”, - қисса мекунад Иброҳим Усмонов.

Раҳмонӣ мегӯяд, барои варақчинии китоб профессор Зуҳуриддин Юсупов (баъдҳо декани факултаи кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), он вақт устоди кимиёи Донишгоҳи Кобул низ шогирдонашро фиристод. Вай мегӯяд, худаш низ дарси фолклор медод ва донишҷӯёнашро истихдом мекард. Ҳамин тавр, моҳи июни соли 1984 “Тоҷикон” бо теъдоди 1000 нусха чоп шуд. Аммо он чӣ пешбинӣ намешуд, ҷараёни ҳаводиси баъди чоп буд.

“Иғво” – и мутахассисони тоҷик

“Бародарони паштун ба Сулаймон Лоиқ, узви Бюрои сиёсии Ҳизби демократики халқ ва фарди муассир дар ҳукумати Афғонистон, хабар бурданд, ки мушовирону тарҷумонҳои Тоҷикистон ин китобро омода карда, чоп кардаанду иғвогарӣ мекунанд ва ҳассосиятҳои милливу қавмӣ дар кишварро доман мезананд. Паҳн кардани китоб боз дошта шуд. Акнун онҳое, ки дастандаркор буданд, бояд ҷазо мегирифтанд. Ин хавф ба Равшан бештар буд, чун ӯ мустақим ширкат мекард, мақоми баланд ҳам надошт ва тарҷумон буд. Хатари ихроҷ кардани ӯ аз Афғонистон пеш омад”, - ба хотир меорад Усмонов.

Афв, патент ва интихоботи 2020: Раҳмон ба муҳоҷирон аз гуфтушунид бо Путин гуфт

Иброҳим Усмонов мегӯяд, ӯ бо иттифоқи Кароматулло Олимов ва чанд нафари дигар ба машварат нишастанд, ки чӣ кор кунанд. Тасмим гирифта шуд, як муқаддимаи сиёсӣ навишта, аз қазия раҳбарияти раддаи аввали Афғонистонро огоҳ кунанд ва хостори дахолати онҳо шаванд.

“Ман як шаб нишаста, маҷмуаи маърӯзаҳои Бабрак Кормалро хонда, чор иқтибос гирифтам ва муқаддима навиштам. Акнун суоли дигар пеш омад: муаллифи муқаддима кӣ бояд бошад? Бо Козим Оҳанг назди Абулҳай Ҳабибӣ, таърихнигори маъруф рафтем. Он кас гуфт, ки ман Ғафуровро эҳтиром мекунам, аммо муқаддимаро пас аз хондани асар худ хоҳам навишт ва ба мо ишора дод, ки ба муқаддимаи навиштаи каси дигар имзо нахоҳад кард. Ин вақти зиёдро мегирифт. Гузашта аз ин, он кас мариз буданд ва тасмим гирифтем, ки аз ин фикр даст кашем. Хуб ҳам кардем. Он кас то нашри китоб (9 майи соли 1984) вафот карданд”, - қисса мекунад Усмонов.

Ӯ ба Иноят Рашид, декани факултаи улуми иҷтимоии Донишгоҳи Кобул, ки боҷаи Сулаймон Лоиқ буд, рӯ овард. Усмонов мушовири Рашид буд, аз ин хотир, ризоияти ӯро зуд ҳосил кард. Танҳо талаби Иноят Рашид ин буд, ки вақте ақвоми Афғонистон номбар мешаванд, аввал паштунҳо зикр шаванд. Усмонов розӣ шуд ва Рашид зери муқаддима имзо гузошт. Аммо ин охири кор набуд.

Ҳуҷуми Толибон ба марзи Тоҷикистону Афғонистон: 17 кас кушта шуд

“Сулаймон Лоиқ раҳбари тавтиа буд. Дар канори ӯ афроди дигар ҳам буданд, назири Ғиёсӣ, вазири маорифи Афғонистон. Боре назди доктор Ҳайдари Масъуд, узви Бюрои сиёсии ҲХД Афғонистон, ки рафиқам буд, рафтам. Он ҷо Ғиёсӣ ҳам ҳузур дошт. Пурсид, китобатон чӣ шуд. Гуфтам, мунтазири шумоем, ки чӣ тасмим мегиред. Гуфт, ки бояд бо муаллиф машвара ва сари номи китоб таҷдиди назар шавад. Ҳайдар, ки огоҳ набуд, пурсид, чӣ хабар аст? Гуфтам, ин кас мехоҳанд номи китоби “Тоҷикон” – и Бобоҷон Ғафуровро тағйир диҳанд. Ӯ ба Ғиёсӣ гуфт, мехоҳӣ назди Ғафуров равӣ, то машварат кунӣ? Ғиёсӣ гуфт, хайр аст, зарур бошад меравам. Ҳайдар хандид. Гуфт, он кас вафот кардаанд, чӣ тур ту пешашон меравӣ? Дигар номи китоб номи китоб аст, онро намешавад тағйир дод, балки мӯҳтаво муҳим аст”, - ба ёд меорад Усмонов.

Кароматулло Олимов се нусхаи “Тоҷикон” - ро гирифта, ба раҳбари Афғонистон Бабрак Кормал, муовинаш Аноҳито Ротибзод ва сарвазир Султоналии Киштманд бурд. Иброҳим Усмонов як нусхаро ба бародари Кормал - Маҳмуд Барёлай, котиби идеологии ҲХД ва ҳамзамон мутасаддии мақомоти қудратии Афғонистон ва Равшан Раҳмонӣ як нусха ба Фарид Маздак, раиси Созмони ҷавонони ҲХД таслим карданд. Ҳамагӣ ба интизор нишастанд, ки раҳбарони Афғонистон чӣ тасмим хоҳанд гирифт... Дар ин миён, Ҷалолуддин Сиддиқӣ ва Равшан Раҳмонӣ минҳайси “гунаҳкорони асосӣ” ба мушкил дучор омаданд. Сиддиқиро хатари барканорӣ аз вазифа таҳдид мекард. Кори Раҳмонӣ ба марҳалаи бадтарини худ расида буд. Ӯро аз кор ронданд. Шиносномаашро гирифта, сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Кобул дар садади харидории билети ҳавопаймо ва ихроҷи ӯ аз Афғонистон шуда буд. Таҳқиқи ин қазияро ба дӯши кормандони сафорати Шӯравӣ дар Афғонистон - Максим Пешков (набераи Максим Горкий, поягузори адабиёти шӯравӣ, собиқ сафири Русия дар Тоҷикистон (2000 - 2005), Михаил Конаровский (сафири Русия дар Афғонистон (2002 – 2004) ва Фёдор Артюшин, раҳбари созмони комсомоли сафорат гузошта буданд.

Духтарони Афғонистон ба иллати ҷангу ноамнӣ аз таҳсил дур монданд

“Онҳо маро ба ҳузур пазируфтанд. Моҳи июли 1984 буд. Маро пагоҳи ҳамон рӯз бояд бо тайёра ин тараф мефиристоданд. Конаровский аз ман пурсид: “Ту чӣ кор кардӣ, Равшан? Бо кадом миллатгароӣ машғулӣ?” Зуд посух додам: “Шумо ба ҷои он ки ба ман қаҳрамонӣ диҳед, маро аз кор пеш кардед. Ҳарчанд коммунист нестам, китоби Ғафуровро, ки дар асоси марксизм-ленинизм навишта шудааст, баргардон кардам. Конаровский номзади илми таърих буд, Ғафуровро хуб мешинохт. Ӯ бадоҳатан пурсид: “Барои Бобоҷон Ғафуров?”. Гуфтам, бале. Ҳар се хандиданд. Конаровский гуфт: “Гапе набудаасту ин қадар ҳангома сохтаанд. Ғафуров устоди ман ва шахсияти бузург буд. “Тоҷикон” як китоби олӣ аст”. Ҳамин тавр, шиносномаамро баргардониданду гуфтанд, бирав, ба корат идома деҳ. Ман тобистони соли 1985 як сол пас аз Афғонистон баргаштам”, - мегӯяд Раҳмонӣ.

Тасмими Кормал

Ба қавли Иброҳим Усмонов, пас аз як ҳафта Кароматулло Олимов хабар дод, ки Бабрак Кормал китобро хонда, гуфтааст, каме барвақт буд, ки чоп кунед, аммо ҳоло ки чоп кардед, паҳн кунед, гапи хосе нест.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ пирӯзии Ашраф Ғанӣ дар интихоботи раёсатҷумҳуриро рад кард

“Ҳоло нусхае, ки ман дорам, ду ҷилд, бидуни муқаддимаи сиёсӣ аст. Пас аз ин гапу хабарҳо дар нашри нусхаҳои дигар муқаддима илова ва китоб паҳн шуд”, - гуфт ӯ ба Sputnik Тоҷикистон.

Наҷмиддини Ковиёнӣ, узви дигари Бюрои сиёсии ҲХД Афғонистон ва Маҳмуд Барёлай низ аз чопи китоб дастгирӣ карданд. Раҳмонӣ мегӯяд, Фарид Маздак, котиби якуми комсомоли Афғонистон пас аз огоҳӣ аз ин ҷанҷолҳо бо иттифоқи ҳамсараш Парисо чанд маротиба ба манзили ӯ омад.

“Вай гуфт, кори хуб кардед. Аз ин китоб ман ҳам хеле баҳра бурдам. Барёлай, ки дар Маскав таҳсил карда буд, гуфт, ман дар Маскав бо Ғафуров сӯҳбат кардаам ва ӯро як инсони шарифу донишманди нотакрор мешиносам”, - қисса мекунад Раҳмонӣ.

Талошҳои мо барои сӯҳбат бо академик Кароматулло Олимов, ки тарҷумони Бабрак Кормал ва шахси ворид ба қазия буд, натиҷа надоданд. Аз қиссаи чопи “Тоҷикон” ӯ дар матлабе бахшида ба шахсияти Бабрак Кормал дар рӯзномаи “Минбари халқ” (2016) чунин нигоштааст: “Бабрак Кормал таърихи Афғонистон ва Осиёи Марказиро низ хуб медонист. Бо тавсияи ӯ китоби Муҳаммад Ғубор “Афғонистон дар масири таърих”-ро дубора чоп карда буданд. Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, ки баъзе тоҷикбадбинони мансабдор “ҳабс” карда, монеи интишори он шуда буданд, танҳо бо супориши Бабрак Кормал паҳн шуд”.

Аммо баъд?

Қироншоҳ Шарифзода, рӯзноманигори маъруф, ҳамзамон устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, чопи “Тоҷикон” дар Афғонистон хеле ҳангома офарид.

Ватанзода: фақр яке аз далоили аслии муваффақияти гурӯҳҳои террористӣ мебошад

“Он замон ман ҳам тарҷумон будам ва дар Афғонистон кор мекардам. Ҳамон ҷо аз забони ҳамкорон аз чопи “Тоҷикон” огоҳӣ ёфтам. Хелеҳо талош мекарданд, ки онро ба даст оранд”, - қисса мекунад ӯ.

Аммо як ҳамсӯҳбати мо аз ҷумлаи дипломатҳои муҷарраби Афғонистон, ки нахост номашро зикр кунем, мегӯяд, қадами навбатии онҳое, ки зидди чопи “Тоҷикон” буданд, ин буд, ки китобро даста – даста пеши худ нигаҳ медоштанд ва ба ҳар меҳмоне, ки аз Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон меомад, тӯҳфа мекарданд ва ҳамин тавр, “Тоҷикон” на ба ҳама дастрас шуду на ҳама аз он баҳра бурданд.

Бозчопи “Тоҷикон” пас аз 35 сол дар Афғонистон, кишваре, ки дар ин миён тамоми бадбахтиҳои ҷанги дохилӣ ва ихтилофҳои қавмиро таҷриба кард, бидуни ҳеҷ мушкили хос анҷом шуд. Рӯнамоии он 18 декабри соли равон дар шаҳри Файзободи вилояти Бадахшони он кишвар иттифоқ афтод ва ба қавли Ҳабиб Ҳамидзода, қарор аст рӯзҳои наздик дар Кобул низ як маҳфил гирифта шавад.