Камарбанди 100 ҳазор доллараи Ҳабибро домоди Мирзиёев харид ё ҳадя гирифт?

Соҳиби кунунии камарбанди 100 ҳазор доллара - Отабек Умаров, домоди хурдии президенти Узбакистон ва муовини раиси Хадамоти амнияти раисҷумҳури ин кишвар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Хабаргузории RT Sport номи соҳиби камарбанди 100 ҳазор доллараи Ҳабиб Нурмуҳаммедовро ифшо кард. Ҳарчанд қаблан сару садоҳо дар мавриди фурӯхта шудан ва соҳиби феълии ин камарбанд ҳархела буд.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо кӯдаки бепой футбол бозид - видео

Ба иттилои манбаъ, соҳиби феълии ин камарбанд Ттабек Умаров, домоди хурдии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев  мебошад. 

Аммо Умаров ба хабаргузорӣ изҳор намудааст, ки ин камарбандро ӯ харидорӣ нанамуда, балки ҳамчун тӯҳфа дарёфт намудаст.

"Ин камарбандро ба мо туҳфа карданд ва тасмим гирифтем, онро дар клубе овезем, ки онҷо бо варзиш машғулем. Дар ин клуб варзишкорони ҳирфаӣ ва қаҳрамонҳо низ тамрин мекунанд. Ба қароре омадем, ки макони ин камарбанд ҳамин ҷост", — гуфтааст Умаров.

Фергюсон гуфт чигуна Нурмуҳаммадовро мағлуб мекунад

Домоди президенти Узбакистон  дар посух ба суоли рӯзноманигор, ки метавонад номи муштарии камарбандро ошкор кунад, гуфт, "ин одам хост, номаш бурда нашавад ва камарбандро дар ҷараёни сафари Ҳабибу тимаш ба Узбакистон туҳфа карда буданд".

Ёдовар мешавем, ки размикори маъруфи доғистонӣ дар муҳорибаҳои омехта моҳи сентябри соли равон камарбандашро  дар як музояда бо арзиши 100 ҳазор доллар фурӯхт. Ин камарбандро Ҳабиб баъди муҳориба бо Дастин Поре ба даст оварда буд.

Муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммедов бо Дастин Поре 7 сентябри соли равон дар шаҳри Абу -Дабии АМА баргузор шуд. Ҳабиб баъди шикасти рақиби худ бо ин камарбанд ба майдон баромада буд.