БМТ ба шаҳрвандон: маблағи тавассути “Золотая корона” интиқолдодаро аз "Амонатбонк" гиред

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзҳои нави бозгардонии маблағҳоеро, ки тавассути барномаи “Золотая корона” равон крадаанд, эълон кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, "Амонатбонк" маблағҳои тавассути “Золотая корона” ба Тоҷикистон интиқолдодаро дар давоми ду рӯз, бармегардонад.

"БМТ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки рӯзҳои 28 - 30 декабри соли 2019 онҳое, ки маблағҳои худро аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон аз санаи 1 ноябр то 3 декабри соли 2019 тавассути низоми “Золотая корона” интиқол дода буданд, метавонанд танҳо аз тамоми воҳидҳои хизматрасонии БДА ҶТ “Амонатбонк” аз тамоми манотиқи кишвар гиранд", - омадааст дар эълон.

Манбаъ афзуда, ки дар ҳолати пайдо шудани суол ва ё мушкил шаҳрвандон метавонанд ба Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Шубҳа аз “Золотая корона”: сӯҳбати ихтисосӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон – қисмати дуввум

Ёдрас мешавем, ки пештар БМТ эълон карда буд, ки шаҳрвандон маблағҳои интиқолиашонро аз Тоҷикистон, ки тавассути низоми “Золотая корона” фиристода буданд, метавонанд рӯзҳои 24 - 25 декабри соли равон аз ташкилотҳои қарзии кишвар бозпас гиранд.

"Хавфи сиёсӣ". Сӯҳбати ихтисосӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон – қисмати аввал

Хотиррасон мекунем, ки шурӯъ аз 3 декабри соли равон Маркази миллии пардозиш (протсессинг) минҳайси танзимгари миллии интиқоли пардохтҳои пулӣ аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.