ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Размикори русиягӣ, қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммедов чанде пеш бо мухлисони қазоқи худ вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар ҷараёни гуфтугӯ бо ҳаводорони худ Ҳабиб изҳор намудаст, ки чанде қабл дар Алмато хона харидааст. Ба гуфтаи вай, тасмими харид кардани манзили зист дар Қазоқистонро худи ӯ гирифтааст, чун аснои сафар намудан ба ин кишвар намехоҳад дар меҳмонхонаҳо истад.
Қадрдонии Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо нишони "Хизмати шоиста"
"Дар Алмато ман хона харидам. Вақте озими ин кишвар мешавам, мехоҳам дар хонаи худ бошам, на дар меҳмонхонаҳо. Фикр мекунам, ки бародарони қазоқи ман ин амали маро ҷонибдорӣ мекунанд", - изҳор намудааст Нурмуҳаммедов.
Гузашта аз ин размикори русиягӣ ба ҳаводоронаш гуфт, ки чӣ қадар вақти худро барои хонаводааш сарфа мекунад.
"Вақтҳои холии ман бисёр танг аст, аммо ман кӯшиш мекунам, ки ҳадалимкон чанд муддате бо онҳо якҷо бошам".
Ҳабиб ба ҳаводорони худ низ тавсия додааст, ки бештари вақташонро бо хонаводаи худ гузаронанд.
Ёдовар мешавем, ки охирон муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммедов бо Дантин Пуаре шаби 7 - уми сентябр баргузор гардида буд, ки ба нафъи размикори русиягӣ анҷомид.
Фергюсон гуфт чигуна Нурмуҳаммадовро мағлуб мекунад
Ҳабиб ҳарифи амрикоии худро аз тариқи буғӣ кардан мағлуб намуд.
Феълан қаҳрамони UFC ба муҳорибаи қарибулвуқӯи худ бо Тони Фергюсон омодагӣ мебинад.