Ҳақ бар кист? Бонки миллии Тоҷикистон ё “Western union”?

Низоми интиқоли пул “Western union” эълон намудааст, ки интиқоли пул ба Тоҷикистон муваққатан ғайри имкон аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ахиран бонки миллии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ аз оғози фаъолияти низоми интиқоли пул “Western union” хабар дод, аммо дар сомонаи расмии “Western union” гуфта шудааст, ки интиқоли пул ба Тоҷикистон то ҳол роҳандозӣ нашудааст.

Дар сомонаи расмии “Western union” гуфта шудааст, ки интиқоли пул ба Тоҷикистон муваққатан ғайри имкон аст.

Ҳақ бар кист? Бонки миллии Тоҷикистон ё “Western union”?

Бояд қайд кард, ки рӯзи Душанбе Бонки миллии Тоҷикистон эълон карда буд, ки низоми пардохтии “Western Union” ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳои Бонки миллӣ пайваст шуда, фаъолияти худро дар қаламрави  Тоҷикистон барқарор намуд.

“Western Union” ҳам ба кор даромад: интиқоли маблағ ба Тоҷикистон боз ҳам осонтар мешавад?

Масъулини Бонки миллӣ таъкид доштанд, ки сар аз 23 декабр соли равон яъне имрӯз шаҳрвандони кишвар имконият пайдо карданд, маблағҳои аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон интиқолшударо аз ташкилотҳои қарзии кишвар дастрас намоянд.

Бонки миллӣ қайд карда буд, ки сараввал низоми мазкур фаъолияташро бо ҶСК “Бонки Арванд”оғоз намуда, сипас марҳила ба марҳила дар давоми як ҳафта ҳамаи ташкилотҳои қарзие, ки бо низоми мазкур ҳамкорӣ доштанд, ба ин низом пайваст мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки шурӯъ аз 3 декабри соли равон Маркази миллии пардозиш (протсессинг) минҳайси танзимгари миллии интиқоли пардохтҳои пулӣ аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард, ки мӯҷиби овозаву сарусадоҳо ва нигарониву сарсониҳои зиёди муштариёни бонкҳои кишвар шуд.