Сомон Маҳмадбеков беҳтарин варзишгари ҷавон дар соли 2019 эълон шуд

Имрӯз дар Кохи Суруш маросими супоридани ҷоизаи Кумитаи ҷавонон ва варзиш ба Сомон Маҳмадбеков, Қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи дзюдо миёни ҷавонон, баргузор гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон унвони Беҳтарин варзишгари ҷавони соли 2019 бо 50 ҳазор сомонӣ ҷоизаро ба паҳлавони ҷавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков супурд.

Сомон дар радабандии ҷудо дар мақоми 12 қарор дорад

Маросими эътои ҷоизаҳои соли Кумитаи ҷавонон ва варзиш рӯзи 24 декабр дар Кохи Суруш доир шуд.

Кумитаи ҷавонон гуфт, Сомон Маҳмадбеков нахустин варзишгари тоҷик аст, ки моҳи октябри соли 2019 дар қаҳрамонии ҷаҳон байни ҷавонон дар гуштини дзюдо унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард.

Маҳмадбековҳо дар "Тоскулоҳи бузурги Осака - 2019": яке довталаб, яке мухлис

 Ӯро қаблан барои ин пирӯзӣ бо ҷоизаи 50-ҳазорсомонии президенти Тоҷикистон низ сарфароз гардонданд.

Сомон Маҳмадбеков дар шаҳри Иркутски Русия зиндагӣ ва таҳти роҳбарии амакҳояш машқи гуштин мекунад. Вале Сомон чандин пешниҳоди ҳунарнамоӣ аз номи Русияро рад карда, дар мусобиқоти байналмилалӣ таҳти парчами Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад.

Қадрдонии Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷаҳонпаҳлавон Сомон Маҳмадбеков

Сомон Маҳмадбеков дар Қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон дар вазни 73 кило бар варзишгарони Кеп Верд - Семедо Клаудиано, Қирғизистон - Асад Масабиров, Белгия - Абдул Малик Умаев, дар чорякфинал бар намояндаи Итолиё - Эдуардо Мелла, дар нимфинал бар Самуэл Гасснер аз Австрия ва дар финал бар Георгий Элбакиев аз Руссия дастболо шуда, унвони чемпиони ҷаҳонро миёни ҷавонон сазовор гардид.