Пулис роҳбари ширкати "Эҳё"-ро меҷӯяд: 1 миллион сомонии мардумро гирифт, аммо хона надод

Роҳбари ширкати сохтмонии "Эҳё" беш аз 1 миллион сомонии мардумро гирифта онҳоро бо манзилҳои зист таъмин накард. пулис ӯро мавриди пайгард қарор додаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Кормандони пулиси Душанбе аз ҷониби 5 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ аризаи шикоятӣ дарёфт намуданд, ки роҳбари ҶДММ "Эҳё" бо роҳи фиреб аз онҳо беш аз 1 миллион сомонӣ гирифта, то ҳол на маблағашон ва на хонаҳои истиқоматӣ додааст, хабар медиҳад котиботи ВУД Тоҷикистон.

Ҳушдори ВКД: аз афроди бо риши дарози бетартиб ҳазар кунед!

Ба иттилои манбаъ, роҳбари ҶДММ "Эҳё" ҳанӯз соли 2018 як сокини 30 - солаи ноҳияи Рӯдакиро фиреб дода аз ӯ 300 000 сомонӣ гирифтааст.

Ин сокини ноҳияи рӯдаки ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудаст, ки роҳбари 59 - солаи ҶДММ "Эҳё" ба ӯ  ваъда додааст, ки бар ивази 300 ҳазор сомонӣ аз ҳудуди 3-юм гузаргоҳи кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт хонаи дуҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст. 

Конибодом: сабаби таъхири хонасозӣ ба зарардидагони сел маълум шуд

Ҳамин тариқ ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 35-солаи сокини кӯчаи Ҳисори ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 10-уми январи соли 2019, марди дар боло зикргардида бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 163 ҳазору 200 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз ҳудуди 3-юм гузаргоҳи кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт хонаи якҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.Ҳамчунин ба мақомоти корҳои дохилӣ бо ариза марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 5-уми сентябри соли 2016, марди дар боло номбаргардида бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 231 ҳазору 870-сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз ҳудуди 3-юм гузаргоҳи кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт хонаи сеҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.

Боздошти директори КВД "Сохтмони Манзили Дастрас" : барои фиреби сокини Хоруғ
Ҳамзамон ба мақомоти милитсия бо ариза марди 20-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 23-юми августи соли 2019, номбурда бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 242 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз ҳудуди 3-юм гузаргоҳи кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт хонаи дуҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.

Ҳамчунин бо ариза марди 66-солаи сокини пойтахт ба мақомоти милитсия дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 17-уми июни соли 2019, марди дар боло зикргардида бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 220 000 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз ҳудуди 3-юм гузаргоҳи кӯчаи Б.Ғафуров хонаи якҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.

Манбаъ меафзояд, номбурда дар маҷмӯъ аз шаҳрвандони зикргардида 1 157 570 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш истифода намудааст.
Феълан аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.