Марду бонуи муштзани тоҷик дар Чин медалҳо гирифтанд

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ду муштзани тоҷик аз мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин ду медали нуқра ба даст оварданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар аввалин мусобиқаи Гранд Слами Осиё дар риштаи бокс сазовори ду медали нуқра шуданд, хабар додаст Кумитаи миллии олимпӣ.

Оё зӯри бозуи Чориева метавонад "муноқишаи оилавӣ" - ро ҳал кунад

Манбаъ афзуд, мусобиқа 18-22 декабр дар шаҳри Сиамени Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гашт.  

“Дар он варзишгарон аз 11 давлат - Австралия, Ҳиндустон, Малайзия, Муғулистон, Непал, Филиппин, Сингапур, Тайланд, Тоҷикистон, Тайпейи Чин ва Амороти Муттаҳидаи Араб ширкат карданд”,- омадааст дар иттилоия.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки қувваозмоиҳо аз рӯи 13 вазни олимпӣ – 8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон сурат гирифт.

Дар ҳайати Тоҷикистон Наврӯз Ҷафоев дар вазни 81 кило миёни мардҳо ва Фарида Самиева дар вазни 51 кило миёни бонувон сазовори медали нуқра гардиданд.