Рустами Эмомалӣ аз вакилон розист: Ӯ аз интихоботи 2020 гуфт-акси хотиравӣ

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе имрӯз ҷаласаи ҷамъбастии Маҷлиси вакилони халқи шаҳриро баргузор карда, аз интихоботи соли 2020 суҳбат кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ аз кори вакилон изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Афв, патент ва интихоботи 2020: Раҳмон ба муҳоҷирон аз гуфтушунид бо Путин гуфт

"Рустами Эмомалӣ таъкид намуд, ки барои вакилони халқ боиси ифтихору сарфарозист, ки дар ин давраи фаъолияти Маҷлис ирода ва манфиати мардуми шаҳри Душанберо ифода намуда, баҳри рушди босуботи пойтахти мамлакат ва иҷрои қонунҳо дар маҳал корҳои муайянеро ба сомон расониданд", - гузориш дод котиботи шаҳрдорӣ.

Омодагӣ ба интихобот - 2020: 46 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда мешавад

Манбаъ афзуд, ки мардуми шаҳри Душанбе дастовардҳои солҳои охири шаҳрдорӣ ва заҳмати бедареғу софдилонаи вакилонро дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва ободу пешрафта гардонидани пойтахт медонанд ва онро қадр менамоянд.

Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон рӯзи интихоботро дақиқ кард

Рустами Эмомалӣ таъкид кардааст, ки дар оғози соли нави 2020-ум дар кишварамон як зумра чорабиниҳо, махсусан маъракаи сиёсии интихоботӣ гузаронида мешавад. Ба иттилои котибот, раиси Душанбе изҳори боварӣ кардаст, ки дар ин давра низ фаъолияти вакилон содиқона ва танҳо барои таъмини волоияти қонун, якдилӣ ва ҳамраъии сокинони пойтахт равона мегардад.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум ба муносибати анҷоми фаъолияти пурсамар акси хотиравӣ гирифтанд, илова намуд котиботи шаҳрдорӣ.

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз сокинони Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят доранд, ки вакилонашонро намешиносанд ва намояндагонашон дар маҷлиси шаҳрӣ барои расидагӣ ба мушкилоташон иқдом намекунанд. Истиқоматкунандаҳои Душанбе вақтҳои охир зиёд аз қатъи интиқоли барқ ва обрасонӣ шикоят мекунанд.