Дар кӯчаи Лубянкаи шаҳри Маскав дар назди бинои Хадамоти федералии амният – “ФСБ” марде аз автомати Калашников оташ кушод.
Ӯ дар назди бинои “ФСБ” аз автомат тир кушода, дар як бино камин гирифта, тирпарониро идома додааст.
Дар паи ин ҳодиса, бар асоси иттилои тасдиқнашуда, як корманди мақомоти қудратӣ ба ҳалокат расида, се нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Мақомоти Русия мардро пас аз як соат боздошт кардааст. Аллакай ҳувияти марди ҳамлагар ошкор гардидаст. Номбурда сокини 39-солаи вилояти Маскав, Евгений Манюров будааст.
Тирпарронӣ дар Перм: марди 50-сола ба сӯи мардум оташ кушод
Манюров мудири як корхона будаст, ки соли 2015 бо сабабҳои номаълум фаъолияти он қатъ гардида шуд.
Мавсуф бо силоҳ ва аслиҳа хуб балад буда дар чандин озмунҳо оид ба тирпарронӣ ба гирифтани ҷойҳои намоён сазовор гардидааст.
феълан, Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.