“Шоҳҷоиза” ва 50 ҳазор сомонӣ: пирӯзии писари Абдуллоҳи Раҳнамо дар даври ниҳоӣ

Бунёд Раҳнамо, писари бузурги Абдуллоҳи Раҳнамо, мушовири Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон даври чорум ва ниҳоии “Фурӯғи субҳи доноӣ …” дар чор номинатсия пирӯз омада, Шоҳҷоизаи ин озмуни ҷумҳуриявиро ба даст овард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ин озмун бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳо оғоз ва дар сатҳи вилоятҳову ҷумҳурӣ ба хотири тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа дар миёни хонандагони макотиби кишвар роҳандозӣ шуд.

“Ғолиби мутлақ”: пирӯзии се фарзанди Абдуллоҳи Раҳнамо дар як озмуни шаҳрӣ

Бино ба иттилои “Ховар”, ин озмун 14 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуда, Бунёд Раҳнамо, хонандаи литсейи хусусии "Раҳнамо" бо 253, 5 хол соҳиби Шоҳҷоиза гардидааст.

 Бунёд Раҳнамо бо иттифоқи бародараш Муҳаммад ва хоҳараш Шабеҳа қаблан дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” дар шаҳри Душанбе низ пирӯз омада буданд.

Дар озмуни ҷумҳуриявӣ Муҳаммад Раҳнамо дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик” низ ҷои аввалро гирифта, соҳиби 25 ҳазор ва Шабеҳа Раҳнамо дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик” ҷойи сеюмро гирифта, соҳиби 20 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ шудаанд.

Дар озмун ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, вазири маорифу илм Нуриддин Саид, аъзои ҳакамон, волидайни иштирокдорон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма шоҳиди донишозмоиҳои хонандагон буданд.

Ҳушдори Раҳнамо аз ҳамлаи “ДОИШ”: 20 нафар гузаштанд, ҳазорони дигар саф кашидаанд

Ҳамин тавр, дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик” ҷойи аввал ва 30 ҳазор сомониро Сарфарозиддин Имрониддинов ва ҷойи дуюм бо 25000 сомониро Сафармоҳи Аҳмадбек соҳиб шуданд.

Дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик” ҷойи дуюм (17 ҳазор сомонӣ) - ро Зебонисои Азизиён ва ҷойи сеюм (13 ҳазор сомонӣ) - ро Бинямони Илҳом гирифтанд.

Се пирӯзи номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик” Шукрона Хоҷамқулова (30 ҳазор сомонӣ), Рухшона Нурова (20 ҳазор сомонӣ) ва Мосума Шоҳмуродзода (15 ҳазор сомонӣ) мебошанд. Дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон” Шабнам Одинаева ҷойи якум (30 ҳазор сомонӣ), Насиба Ҳафизова - ҷойи дуюм (20 ҳазор сомонӣ) ва Шобегим Маликшоева - ҷойи сеюм (15 ҳазор сомонӣ) гирифтанд.

Ҳакамон Азизмоҳ Панҷшанбезода аз вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро барои маҳорату дониши хуб доштан барои гирифтани 10 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати маориф пешниҳод карданд.

Як теъдод талабагони ятими кулл ва хурдсол - Озодаи Саид, Ҷуррахон Тошов, Лайло Рӯзибоева, Хумайнӣ Кароматуллоҳ, Аҷикуллоҳ Ҳусейнов ва Сайрам Файзова - барои ба намоиш гузоштани дониши баланд дар озмуни мазкур ҳар яке бо 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулии вазорати маориф қадрдонӣ шуданд.

Абдуллоҳ Раҳнамо 5 сабаби муҳим будани сулҳи Афғонистон барои Тоҷикистонро гуфт

Бунёд Раҳнамо, хонандаи синфи 10 – и литсейи хусусии “Раҳнамо” дар ҳар чор номинатсия пирӯз омада, соҳиби Шоҳҷоиза шуд.

Ҳаҷми ин ҷоиза 50 ҳазор сомонӣ аст Абдуллоҳи Раҳнамо, номзади илмҳои сиёсӣ, мушовири Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷмҳури Тоҷикистон ва қаблан сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии он буда, яке аз коршиносони умури дину сиёсат ба шумор меравад.

Мавсуф муаллифи китобҳои “Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ” (2008), “Уламои исломӣ дар Тоҷикистон” (Душанбе), “Ислом ва амнияти миллӣ” (2011), “Мавқеъи ҳизбӣ ва мавқеъи миллӣ” (2011), "Афғонистон ва Осиёи Марказӣ: Хусусиятҳо ва дурнамои таъсирпазирӣ" (2014) ва беш аз 100 мақолаи илмӣ мебошад. Абдуллоҳ Раҳнамо соли 2010 литсейи хусусии “Раҳнамо”-ро низ таъсис додааст ва ҳар се фарзандаш дар ин литсей таҳсил мекунанд.