ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Федератсияи байналмилалии дзюдо пас аз натиҷагирии мусобиқаи ситораҳои дзюдо дар Қингдаои Чин радабандии нави ҷаҳон ва олимпиро нашр кард, хабар медиҳад Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Комроншоҳ Устопириён, ки дар вазни 90кг дар мусобиқаи мазкур ҷои панҷумро ишғол намуд, аз ҷои 35-ум ба зинаи 22-юми радабандии олимпӣ баромад. Вале дар радабандии ҷаҳон як зина паст аз ҷои 18 ба 19 фаромад.
Як-ду иштибоҳ кардам: "иқрор"-и Комроншоҳ дар бораи чанд ғалат дар Қаҳрамонии Осиё
Темур Раҳимов дар вазни +100кг ду зина боло шуда, дар ҷои 22-юм мавқеъ гирифт. Ӯ дар мусобиқаи Қингдао дар даври аввал пирӯз гардида, дар даври дуюм мағлуб гашт. Мавқеаш дар радабандии ҷаҳон як зина боло шуд – аз ҷои 27 ба ҷои 26.
Мавқеи Хоҷазода Беҳрӯз, ки низ як ғалаба ба даст овард, тағйир наёфт. Ӯ мисли пешин дар ҷои 19-ум аст. Дар радабандии ҷаҳонӣ низ мавқеаш дар ҷои 20-ум бетағйир монд.
Сомон дар радабандии ҷудо дар мақоми 12 қарор дорад
Сомон Маҳмадбеков бошад, ки низ як пирӯзӣ ба даст овард, як зина паст рафт аз ҷои 12 ба 13. Дар радабандии ҷаҳон низ як зина паст шуд аз ҷои 17 ба ҷои 18.
Бо ҳамин, мусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо дар соли 2019 ба анҷом расид. То анҷоми марҳилаи интихобии олимпӣ 1 июни соли 2020 9 мусобиқа аз силсилаи сабқатҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо ва чемпионати Осиё оид ба дзюдо ба нақша гирифта шудааст.
Аввалин мусобиқаи соли 2020 Гран Прии Тел Авив мебошад, ки 23-25 январ доир мегардад. Дар ин мусобиқа иштироки 7 варзишгари мо дар назар аст.
Охирин сабқати интихобӣ мусобиқаи ситораҳои дзюдо аст, ки 28-30 май дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор мешавад.
1 июни соли 2020 Федератсияи байналмилалии дзюдо радабандии олимпиро нашр мекунад, ки 22 нафари беҳтарини ҳар вазн (бо дарназардошти аз ҳар КМО як варзишгар) ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо мекунанд