Боздошти ду мард, ки маблағи ҳангуфт ва худрави гаронарзиши мардумро аз худ кардаанд

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти қаллобе хабар медиҳад, ки чандин касонро фиреб дода маблағи калони онҳоро гирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ин ниҳод, дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 24-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.

Бино ба гузориши ВУД, номбурда, рӯзи 13-уми октябри соли 2019, дар кӯчаи С. Шерозии пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини шаҳри Ҳисор даромада, аз ӯ 48000 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.

Боздошти се қиморбоз дар Душанбе

Ҳамчунин, зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 59-солаи сокини кӯчаи Қаротегини пойтахт бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 15-уми апрели соли 2019 дар кӯчаи С.Шерозӣ бо роҳи фиреб ба боварии зани 34-солаи сокини кӯчаи мазкур даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Тайота-Прадо”, ки арзишаш 32 ҳазору 500 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамин тариқ оид ба ҳодисаи қаллобӣ ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо аризаи марди 36-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 21-уми октябри соли 2019, дар кӯчаи Ҷ.Икромии пойтахт марди 30-солаи сокини кӯчаи Ховарон бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 31000 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш 1-адад автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемрӣ” гирифта медиҳад, аммо то ҳол на автомашинаро додааст ва на маблағи гирифтаашро баргардонидааст.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.