Шуҳрат Сайнаков дар бораи ташкили гурӯҳ, гурезагӣ, танзими тӯйҳо ва овозхонони қалбакӣ

Раҳбари гурӯҳи “Равшандилони Рӯшон” – овозхони машҳур Шӯҳрат Сайнаков бавар дорад, ки ҳунарманд танҳо ба воситаи меҳнату кор метавонад муваффақ шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Овозхони тоҷик Шӯҳрат Сайнаков дар остонаи 20-солагии гурӯҳ бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи ташкили гурӯҳи “Равшандилони Рӯшон”, мушкилии санъати имрӯзаи Тоҷикистон, танзими тӯйҳо, гурезагӣ ва мероси худ ба фарзандонаш гуфт.

Пурсупоси ногаҳонӣ ва номгузории гурӯҳи "Равшандилони Рӯшон”

Гурӯҳи “Равшандилони Рӯшон”-ро ҳамагон бо сурудҳои ватандӯстона, қабои сафеду шероздор ва тоқиҳои гирди сабзу сурхи "помирӣ" мешиносанд. Ин гурӯҳ 13 декабри соли 1999 таҳти раҳбарии Шӯҳрат Сайнаков ташкил шудааст. Имрӯз ба муносибати 20-солагии таъсисёбии дастаи ҳунарӣ дар шаҳри Душанбе барномаи бузурги консертӣ барпо мешавад. То имрӯз гурӯҳи “Равшандилони Рӯшон” садҳо сурудҳои ватандӯстию, лирикӣ, фалак ва жанрҳои гуногунро пешкаши мухлисон кардааст.

Номгузории гурӯҳи "Равшандилони Рӯшон" ба ҳодисаи аҷибе пайвандӣ дорад. Шӯҳрат Сайнаков бо интихоби ин ном ҳадаф гузошта буд, то ноҳияи Рӯшон - зодгоҳи овозхонро дар кулии Тоҷикистон шиносанд.

"Соли 1995 буд. Чун ман дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ба Бадахшон гуреза шуда будам, дубора соли 1995 ба Душанбе бозгаштам. Рӯзе дар кӯчаҳои Душанбе гурӯҳе аз ҷавонон аз ман пурсон шуданд, ки "ай куҷо мешай? - чун ман посух додам аз "Рӯшон" - ба онҳо наонқадар ин макон маълум буд. Пас ҳадаф гузоштам, ки бигзор тавассути номгузории гурӯҳамон кулли Тоҷикистон ноҳияи Рӯшонро бишносанд", - ба ёд меорад Шуҳрат Сайнаков.

Ба гуфти Шӯҳрат Сайнаков ташкил кардани гурӯҳ ва нигоҳ доштани он, кори бисёр душвор аст. Вале, бар хилофи ҳамаи мушкилиҳо гурӯҳи “Равшандилони Рӯшон” тавонист, то имрӯз фаъолият кунад ва мухлисони бисёреро пайдо намуда тӯю маъракаҳои мардумро обод гардонад. 

Чоршанбе Аловатов: ашхоси доро мехоҳанд баҳои ҳунарро арзон кунанд

"Аз нахустин рӯз ҳунармандон Худоёр Бозоров, Алим Давлатшоев, ки бештар чун Грини Каримзод машҳур аст, бо ман буданд. Ин ду шахс аз деҳоти мо ҳастанд. Мо ҳамдигарро аз аввал мешинохтем”, - нақл мекунад Сайнаков.

Имрӯз дар гурӯҳ ҳунармандон аз манотиқи мухталифи ВМКБ ва дигар шаҳру навоҳӣ ҷамъ омадаанд. Бо мурури замон бархе аз ҳунармандон гурӯҳро тарк карданд, нафаре ба Русия муҳоҷир шудааст, дигаре ҷои кори нав ёфтааст ва айни замон дар гурӯҳи "Равшандилои Рӯшон" шаш кас фаъолият мекунад: Алим Давлатшоев –овозхон, Ошур Ошуров таблнавоз, Ҳамдин – гиторнавоз - тоза донишгоҳро хатм кардааст, Фарҳод гитори электрикӣ, Эраҷ овозхони асбоби нафасии саксафон ва раҳбари гурӯҳ ва яккасаро Шӯҳрат Сайнаков.

Сайнаков аз узвияти ҳар як ҳунарманд шод аст ва мегӯяд зиндагиашонро бо ҳамин овозхонӣ дар гурӯҳ, пеш мебаранд.

"Бисёр шодем, ки тавонистем чунин гурӯҳ ташкил кунем. Мутрибони хуб дар атрофи мо ҳастанд, аз ин рӯ талош доштем, имсол соли 2019, 20-солагии гурӯҳамонро бо як барномаи бузурги консетӣ таҷлил кунем”.

Дар барномаи консертӣ ҳунармандон сурудҳои дӯстдоштаи пешин ва ҷадидро пешкаши мухлисон хоҳанд кард.

Шуҳрат Сайнаков дар бораи ташкили гурӯҳ, гурезагӣ, танзими тӯйҳо ва овозхонони қалбакӣ

Роҳ ба сӯи шӯҳрат: аз сурудҳои Муборакшо то эҷодиёти худӣ

Нахустин консерти гурӯҳи “Равшандилони Рӯшон” рӯзи таъсиси гурӯҳ - 13 декабри соли 1999 баргузор шуд. 30-декабри соли 1999 дуюмин барномаи бузурги консертии ин гурӯҳ дар бинои “Сирки давлатӣ” ва 6 марти соли 2000 дар толори “Кохи Борбад” барпо гардид, ки дар он овозхони машҳур шодравон Муборакшо низ ширкат дошт.

Гурӯҳи “Шамс”: Аз кӯдакӣ то шӯҳрати ҷаҳонӣ ва нақшаҳои нав

"Дар ёд дорам, Муборакшо се чор сурудамонро гӯш карду гуфт, чӣ гуна шумо ҷуръат кардед дар чунин толори бузург консерт барпо кунед. Мо гуфтем, бояд ҷуръат кард то муваффақ шуд”.

Аслан гурӯҳ соли 2007 пас аз сароидани суруди “Тоҷикистон ҳамаи дунёи манӣ” миёни мардум шуҳратёр гашт.

"Ман аввал дар тӯйҳо сурудҳои Муборакшоро месароидам, вале пасон қарор кардам, ки барои муваффақ шудан бояд эҷодиёт шахсӣ бошад. Аввал бо устод Муборакшо Ҷумъаев ҳамкорӣ мекардам, оҳангҳоямро ба ӯ нишон медодам ва он кас арзёбӣ мекарданду маслиҳат медоданд. Чун ба эҷоди оҳангҳои худӣ оғоз кардам дигар комёбии сурудҳоямро аз кафкӯбиҳои мухлисон мефаҳмидам”.

Шуҳрат Сайнаков бовар дорад, ки барои машҳур шудан бояд нозукиҳои мусиқии тоҷикиро ба пуррагӣ омӯхт ва пайваста меҳнат кард.

“Жанри мусиқии ман яктарафа нест. Ман кӯшиш мекунам, ки нозукиҳои мусиқии тамоми гӯшаю канори ҷумҳуриямонро дар як суруд нишон бидиҳам, то гӯш кардан барои ҳамагон форам бошад”.

Пайравӣ ба дигарон

Аксари овозхонони ҷавони тоҷик имрӯз ба ҳамтоёни худ ба Эрон ва Афғонистон тақлид мекунанд ва мусиқии онҳоро истифода мебаранд. Бархеи дигар аз рӯи пӯлу моли худ ҳар рӯз намоҳангҳои ҷадид сабт менамоянд, вале санъати тоҷик аз ин рушде намекунад.

Шуҳрат Сайнаков ин гурӯҳи овозхононро сарояндагони қалбакӣ медонад ва кори онҳоро маҳкум карда, беҳурматӣ нисбати санъати бойи тоҷикон медонад.

Ӯ ҳамчунин яке аз ноқисии мусиқии тоҷикро дар танбалии ҷавонон ва эҷодкор набудани онҳо мебинад.

"Афсӯс, ки ҷавонони мо дар оҳангҳои афғонию эронӣ матн мемонанду месароянд. Ман чунин корро қабул надорам. Ҳамаи оҳангҳоро ман худам эҷод мекунам. Шоирони мо матнҳои бебаҳо эҷод кардаанд, яъне нафаре ки китоб мехонад метавонад, матнҳои хуб пайдо кунад ва суруди хубе эҷод кунад то ба дили мардум роҳ ёбад. Он нафароне, ки ба мусиқии эронӣ такя мекунанд, фикр мекунам, санъати миллии Тоҷикистонро қадр намекунанд. Мо инқадар мубориза мебарем, то фарҳанги тоҷикиро дар ҷаҳон муаррифӣ кунем, вале онҳо хато мекунанд. Дер ё зуд моли дигар кас будани оҳанг, маълум мешавад. Албатта эҷод кардани оҳанг кори осон нест. Вале агар эҷод карда наметавонанд, лоақал бо оҳангсозони барҷаста ҳамкорӣ кунанд".

"Мо ду сол пеш ба шаҳри Пекин рафтем ва дар саҳна бо либосҳои миллӣ бо дафу доира ҳунарнамоӣ кардем. Он замон суруди “Мезебад, мезебад” – ро сароида будам. Мардум пас аз чанде бо ман якҷо ҳамовозӣ мекарданд. Пас аз ҳунарнамоӣ омада пурсон шуданд, ки аз куҷоем. Моро бо ҳамин фарҳанги либоспӯшӣ мешиносанд".

Шуҳрат Сайнаков аз миёни овозхонони ҷавон истеъдоди Фотима Машрабова, Мадина Ақназарова ва Орази Олимшоро қайд карда мегӯяд, онҳо бояд бештар меҳнат кунанд, то тавонанд номи худро дар санъати тоҷик боқӣ гузоранд.

"Ҳунармандон бисёр ҳастанд ва нафаре, ки мисли мо аз дилу ҷон кор кунаду меҳнат кунад ба ҷодаи баланд мерасад. Ман ба заҳматҳои худ такя мекунам. Нафаре, ки пул дораду ҳунар не, рӯзе аз интихоби ин роҳ пушаймон мешавад. Чунин ҳофизон барферо мемонанд, ки зуд об мешаванд, вале мисли Зафар Нозим, Давлатманд Холов, Одина Ҳошим – пирях шудан бисёр душвор аст. Мо имрӯз кӯшиш мекунем, барои расидан ба чунин қуллаҳо замина бигузорем”.

"Тӯйҳо набошанд як рӯз ҳам дар санъат намемонем"

Пӯшида нест, ки имрӯз дар Тоҷикистон даромади ягонаи санъаткорон аз ҳисоби тӯю маърака ҳаст. Ин ягона роҳи дарёфти рӯзӣ барои ҳунармандони тоҷик мондааст. Шӯҳрат Сайнаков мегӯяд санъаткорони тоҷик имрӯз саропо аз тӯю маърака вобаста ҳастанд

Далер Мирзошоев: дар Маскав моро хуш пазируфтанд

"Тӯю маърака набошад, мумкин мо як рӯз ҳам дар мусиқӣ намемонем. Мо барои сатби як суруд то 2,5 ҳазор сомонӣ сарф мекунем. Агар ин маблағро аз тӯй пайдо накунӣ дигар аз куҷо метавон ёфт. Дар кори давлатӣ музди кории мо 720 сомонӣ аст, бо ин маблағ бояд чӣ кунем, зиндагӣ пеш барем ё суруд эҷод кунем”, - мегӯяд Шӯҳрат Сайнаков.

Вале, дар баробари ин Сайнаков аз он изҳори хушнудӣ мекунад, ки фармоиш чӣ дар Душанбе ва чӣ дар вилоятҳои Суғду, Хатлону Бадахшон зиёд аст. Ӯ аз қонуни танзими ҷашну маросим, ки муҳлати баргузории тӯю маъракаро то 3 соат кам кард, истиқбол мекунад ва ҳатто пешниҳод дорад, ки тӯйи тоҷикони Русия низ танзим шавад.

"Қонуни танзим ҳам ба фоидаи меҳмонон ва ҳам ба фоидаи ҳофизон аст, ки оромона метавонанд сароянд ва бо лаззат корашонро пеш баранд. Меҳмонон низ хаста намешаванд. Ин тақозои замон ҳам ҳаст. Мардум вақт надорад. Дар Душанбе тӯйҳои мо дар сатҳи бисёр баланд баргузор мешавад”.

Сайнаков бо ҳамтоёни худ, ки дар тӯю маъракаҳои Русия ҳофизӣ мекунанд дар алоқа аст ва аз баргузории тӯйи ҳафтсоата изҳори нигаронӣ мекунад. Ӯ пешниҳод дорад, ки тӯйҳои тоҷикони Русия низ танзим шавад.

"Дар Маскав ҳам бояд тӯй танзим шавад. Мо пешниҳод мекунем, ки ҷавонон дар баробари фикри кайфияти худ, фикри ҳофизон, домоду арӯс ва умуман ҳамаи меҳмононро низ кунанд. Хуб мешуд, агар тӯйҳо дар Русия аққалан то чаҳор соат танзим мешуд".

Мероси падар хоҳӣ илми падар омӯз

Шуҳрат Сайнаков оиладор соҳиби ду фарзанд: як духтар ва як писар мебошад.

Ӯ ифтихор дорад, ки барои ояндаи фарзандонаш заминае гузоштааст ва агар фарзандонаш роҳи ҳунарро интихоб кунанд, падар дастгириашон хоҳад кард.

"Он қадар заминае, ки ман гузоштам, фикр мекунам, ояндаи фарзандонамро дурахшон мекунад. Интихоби касби оянда дар дасти худи фарзандон аст. Шояд рӯзе писарам мисли ман дилбанди мусиқӣ мешавад, ман ҳич гоҳ зид намебароям. Ӯ метавонад оҳанг эҷод накунад ва танҳо оҳангҳои маро сарояд мисле ки писари Зафар Нозим аз ӯ месарояд, писари Одина Ҳошим ва писари Кароматуллоҳ – Муҳаммадрофеъ”, - бовар дорад Шӯҳрат Сайнаков.

Зиндагиномаи Шӯҳрат Сайнаков

Шӯҳрат Сайнаков 17 сентябри соли 1974 дар деҳоти Дерзуди ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба дунё омадааст.

Шуҳрат Сайнаков дар бораи ташкили гурӯҳ, гурезагӣ, танзими тӯйҳо ва овозхонони қалбакӣ

Дар хурдӣ аввал ба футбол шавқу рағбат дошт. Дар синии 12-солагӣ ба мусиқӣ шавқ пайдо карда дар синфи 7 нахустин бор аккардионро ба даст гирифт.

Аз синфи 9 овозхониро оғоз кардааст. Соли 1991 ба пойтахт шаҳри Душанбе омада, ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дар факултаи мусиқӣ ва суруд дохил шуд, вале ба сабаби ҷанги шаҳрвандӣ донишгоҳро танҳо соли 1998 хатм кард.

Даҳ сол дар Донишгоҳи омӯзгорӣ кору фаъолият кардааст.

13 декабри соли 1999 гурӯҳи “Равшандилони Рӯшон” - ро ташкил карда ва роҳбари он интихоб шуд.

Пас аз сароидани “Тоҷикистон ҳамаи дунёи манӣ” соли 2007 миёни мардум шӯҳрат пайдо кард. Имрӯз Шуҳрат Сайнаков аъзои гурӯҳи “Фалак”-и назди ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Аккардион, пианнино ва гиторро хуб менавозад. Оиладор соҳиби ду фарзанд.