Бонувони муштзани тоҷик аз Ҷоми ҷаҳон бо медали нуқра ва биринҷӣ баргаштанд

Бонувони муштзани тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс ду медал – як нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд
Sputnik

Аз 11 то 14 - уми декабр дар шаҳри Белоярски Русия 17-ум Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт (World Cup of Boxing Oil Countries) баргузор шуд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Мавзуна Чориева 4 муштзани тоҷикро ба Қаҳрамонии ҷаҳон бурд

Ба иттилои манбаъ, Миҷгона Самадова дар вазни 57кг пас аз ду пирӯзӣ бар варзишгарони Руссия Малика Шоҳидова ва Ирина Сафарова дар финал аз намояндаи дигари кишвари мизбон Даря Абрамова мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол кард.

Писари Бег Зуҳуров дар мусобиқаи байналмилалӣ медали биринҷӣ гирифт-Навор

Шоира Зулқайнарова дар чорякфинали вазни 60кг бар Анастасия Горожантсева (Руссия) ғалаба карда, дар нимфинал аз намояндаи дигари кишвари мизбон Наталия Шадрина шикаст хурд ва ҷои сеюмро ишғол намуд.

Се намояндаи дигари кишвари мо – Идимоҳ Холова (69кг), Бахтовар Сагизов (57кг) ва Баҳодур Усмонов (63кг) аз медалҳо бенасиб монданд. Идимоҳ ва Бахтовар дар даври аввал, Баҳодур пас аз пирӯзӣ бар варзишгари кишвари мизбон Азнаур Калсинов дар даври аввал, дар даври дуюм аз намояндаи кишвари Марокаш Нодир Абдулҳақ мағлуб шуданд.

Ҳафт муштзани тоҷик барои Ҷоми Президенти Қазоқистон қувваозмоӣ мекунанд

Дар мусобиқа, ки аз рӯи 8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон сурат гирифт, 127 варзишгар аз 23 давлат иштирок карданд.