Фоҷеа: падар бо мошин фарзанди 1 солаи худро пахш кард

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати кӯдаки 1 - сола хабар медиҳад, ки зери чархи мошини падараш ҷон додаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Ҳодисаи фоҷеабор дар шаҳри Турсунзода ба вуқӯъ омадааст. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, падар аз беэҳтиётӣ фарзанди ноболиғашро бо мошин пахш намудаст.

Фоҷеа дар роҳи Душанбе-Чаноқ: ҳалокати се ҷавон дар пайи бархӯрди "Мерседес" бо "Тойота"

Манбаъ меафзояд, ҳодисаи нохуш рӯзи 12 - уми декабри соли равон тахминан соати 15:10 дақиқа рух додаст.

Садамаи маргбор: кӯдаки 3-сола зери чархи мошин ба ҳалокат расид

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес - Бенс", Аскаров Абдуллоҷони 33 сола, сокини шаҳри Турсунзода аз беэҳтиётӣ духтарчаи 1 - солаи худро бо мошин зер кардаст", - омадааст дар хабар.

Номбурда  дар назди ҳавлии истиқоматияш ҳангоми ба самти қафо ҳаракат кардан, духтарчаи ноболиғи худ Аскарова Камолаи 1 - соларо пахш намудааст.

Бозӣ мекард: сокини Рӯшон аснои тоза кардани саҳни мактаб кӯдаки 6 соларо пахш кард

Дар натиҷа хурдсол ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаст.

Феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.