Бори нахуст 4 варзишгари тоҷик ба Федератсияи байналмилалии дзюдо роҳхат гирифтанд

Бори аввал дар таърихи дзюдои кишвар чор варзишгари тоҷик ба ин мусобиқа - Федератсияи байналмилалии дзюдо даъват шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Аз 12 то 14 декабр дар шаҳри Қингдаои Чин мусобиқаи ситораҳои дзюдо – охирин чорабинии силсила-мусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо доир мегардад, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпӣ.

Сомон дар радабандии ҷудо дар мақоми 12 қарор дорад

Тибқи низомнома дар мусобиқа 32 варзишгари беҳтарини ҳар категорияи вазнӣ аз рӯи радабандии ҷаҳонии IJF дар асоси даъватнома иштирок мекунанд.

Бори аввал дар таърихи дзюдои кишвар чор варзишгари тоҷик ба ин мусобиқа даъват шудаанд – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён  ва Темур Раҳимов.

Сомон се рақиби худро мағлуб намуда, талоши гирифтани нишони биринҷӣ дорад

Сомон феълан дар ҷои 17-уми вазни 73 кг  радабандии ҷаҳонӣ мавқеъ дорад. Беҳрӯз бошад, дар зинаи 20-уми ҳамин вазн қарор гирифтааст. Комроншоҳ ҷои 18-уми вазни ва Темур  ҷои 27-ум ишғол кардаанд.

Дар мусобиқаи ситораҳои дзюдои ҷаҳон, тибқи иттилои сомонаи расмии IJF, 448 варзишгар (230 мард, 218 зан) аз 67 давлат иштирок хоҳанд кард.

Мусобиқаи "Abu Dhabi Grand Slam 2019" барои варзишгарони тоҷик хотима ёфт

Қувваозмоиҳо аз рӯи 14 категорияи вазнӣ – 7 вазн миёни мардҳо, 7 вазн миёни бонувон – сурат мегирад.  Варзишгароне, ки ҷойҳои ифтихориро ишғол менамоянд, дар баробари медал, бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Барои ҷои аввал 9000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 6000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 3000-долларӣ пешбинӣ шудааст.

Варзишгарон, ҳамчунин соҳиби хол гардида, мавқеашонро дар радабандии олимпӣ беҳтар менамоянд.