Фарзона бо оши палав ва ширинӣ дили доварони "Зебосанам - 2019" - ро "ёфт" - видео

Фарзона Илҳомзода бо забондонӣ, тарроҳӣ, ошпазию ҳунармандӣ доварони озмуни "Зебосанам - 2019" - ро тасхир карда, бо гирифтани 37 хол ғолиби навшри навбатӣ шуд ва ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфт
Sputnik

Дар шаҳри Душанбе марҳилаи дуюми озмуни ҷумҳуриявии "Зебосанам - 2019" оғоз шуд.

Аз даври аввали озмун, ки дар вилояти Суғд, Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳамагӣ 70 гулдухтар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Акнун ҳар барномае, ҳафт нафарӣ ҳунару маҳорати худро пешкаши доварон мекунанд ва танҳо ду кас аз як барнома, бо гирифтани бештарин танга, ба даври ниҳоӣ роҳхат мегирад.

Зебо ва сухандон: Мунира доварони "Зебосанам - 2019" - ро тасхир кард - видео

Ба ҳунару зебогии духтарон дар марҳилаи дуюми озмун чаҳор довар - корманди соҳаи телевизион ва радио Дилхоҳи Нозиршоҳ, овозхон Зафар Абдуалимов ва коргардон Соро Музофиршоева баҳогузорӣ карданд.

Доваронро ҳунару ҷасорати ҳамаи духтарон дар ҳайрат гузошт, бахусус забондонӣ ва ҳунармандии Фарзона Илҳомзода ҳамаи доваронро тасхир кард.

Соҳибкор ва модари ду фарзанд: Мафтуна мехоҳад ситораи синамо шавад - видео

Ҳамин тавр бар хилофи барномаҳои пеш, ки аз байни ҳафт ширкаткунанда танҳо ду нафар ба даври ниҳоӣ роҳ меёфт, ин бор се кас Фарзона Илҳомзода - сокини шаҳри Душанбе ду зебосанами дигар - нахустин намояндаи ВМКБ Ҷамила Мамадалибекова ва намояндаи шаҳри Панҷакент Шукрона Мирзоева бо гирифтани 35 холӣ ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд.

Даври дуюми озмун идома дорад ва рақобати зебосанамҳоро барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ, аз барномаҳои оянда тамошо хоҳем кард.

Зебо ва самимӣ: Дилфуза Худоёрова доварони "Зебосанам - 2019" - ро тасхир кард - видео

Доварони "Зебосанам - 2019" хонандаи суруди Муқаддас Набиеваро гирён карданд - видео

Ёдрас мешавем, ки мақсад аз гузаронидани озмунро эҳёи анъанаҳои мардумӣ, рушду равнақи либосҳои миллӣ, тарғиби ҳунармандӣ дар байни ҷавондухтарон, бахусус интихоб ва пӯшидани либосҳои миллӣ, оро додани рӯю мӯй, тарзи дурусти истифодаи ҷавоҳирот аз ҷониби гулдухтарон, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии ҷавондухтарон ва ҳидояти онҳо барои бунёди оилаи солиму баркамол мебошад.

Нигина Амонқулова арзёбӣ кард: "Зебосанам - 2019" дар Панҷакент - видео

Озмун аз рӯи шартҳои муаррифии ҳусни зебоии табиӣ, эҷодкорӣ, санъаткорӣ, малакаи суханварӣ, маҳорати либоспӯшӣ ва саҳнабароӣ, қобилияти ҳаракатҳои мавзун, қобилияти фикрронӣ, фарҳанги зебоипарастӣ ва ҳунарнамоӣ баргузор мешавад.