Интиқоди Бонки рушди Осиё аз низоми андозбандии Тоҷикистон

Намояндаи Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон аз ихтисоси қарзи 400 миллиондолларии ин ниҳод ба ҷумҳурӣ хабар дод, аммо дар айни ҳол аз низоми феълии андозбандӣ дар ин кишвар интиқод кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Parstoday”, Прадип Сривастава дар нишасти хабарӣ дар Душанбе эълон кардааст, ки Бонки рушди Осиё давоми се соли оянда ба Тоҷикистон маблағи 400 миллион доллар қарз ихтисос хоҳад дод.

Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 миллион доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Вай ҳадаф аз ироаи ин кӯмаки молӣ ба Тоҷикистонро ҳимоят аз тарҳҳои энергетикӣ, ҳамлу нақл, зерсохтҳои шаҳрӣ ва беҳбуди мудирияти манобеи об унвон кардааст.

Бо ин ҳол, намояндаи Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон тағйири қонуни андози сангини феълӣ дар ин ҷумҳуриро хостор шудааст.

Вай таъкид намудааст, ки Бонки рушди Осиё дар соли 2016 ба шарти коҳиши теъдоди идороти таҳқиқ ва тафаҳҳус дар Тоҷикистон бар фаъолиятҳои бахши хусусӣ, ба ин кишвар кӯмаки молӣ кард.

Намояндаи Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон мегӯяд, аксари фаъолони бахши хусусӣ шикоят мекунанд, ки танҳо дар рӯи коғаз теъдоди ин ниҳодҳо коҳиш ёфтааст ва дар амал ҳеҷ тағйире дар ин замина  эҷод нашудааст.

“Аз ин рӯ, мо интизор дорем, ки ваъдаи мақомоти Тоҷикистон дар бораи коҳиши мизони молиёти сангини дарёфтӣ дар ин кишвар амалӣ шавад”, - қайд намудааст намояндаи Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон.