Ҳуҷуми Толибон ба минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон ба шикасти онҳо анҷомид

Шаби 4 - ум ба 5 - уми декабр ҷангиёни ҳаракати Толибон ба вулусволии Дашти Арч, ки дар наздикии марз бо Тоҷикистон воқеъ аст, ҳуқум намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Ҷангиёни ҳаракати Толибон шаби дирӯз як вулусволи дар музофоти Қундуз, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, ҳадафи ҳамла қарор доданд, хабар медиҳад шабакаи TOLOnews.

"Даргирии мусаллаҳона миёни Толибон ва низомиёни неруҳои амниятии Афғонистон шоми дирӯз дар ноҳияи Дашти Арчи ҳаммарз бо Тоҷикистон  сурат гирифт". - омадааст дар хабар.

Манбаъ меафзояд, ҷангиёни Толибон навоҳии мазкурро аз чаҳор тараф муҳосира намуданд, вале чун аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон шикаст хӯрданд, маҷбур шуданд, ақибнишинӣ кунанд.

Чаро сулҳи Амрико ва Толибон ба таъхир афтод? Шарҳи Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ

Бар хабари расонаҳои дохилии ин кишвар, дар натиҷаи даргирии шаби дирӯз дасти кам 28 ҷангии Толибон маҳв ва ҳамчунин 4 худрави онҳо нобуд карда шуд.

Ҳадаф музокира бо Толибон ё сипосгузорӣ ба низомиён: навори боздиди Трамп аз Афғонистон

Дар Афғонистон ихтилофи байни ҳукумат ва Толибон ҳамоно побарҷост. Қаблан силоҳбадастон қаламравҳои зиёди деҳаҳои ин  кишварро забт карда, акнун ба шаҳрҳои калон сар медароранд.

Гузашта аз ин таъсири гурӯҳи террористии Давлати исломӣ низ дар Афғонистон афзоиш ёфтааст, ки бисёр нигаронкунанда аст