ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Парижи Фаронса маросими ҷоизасупории ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ"-2019 баргузор шуд, хабар медиҳад сомонаи "Варзиш".
Барои соҳиб шудани ин ҷоизаи арзишнок ҳамлавари "Барселона" – Лео Месси, дифоъгари "Ливерпул" Вирҷил ван Дейк ва форварди "Ювентус" – Криштиану Роналду муддаии асосӣ ба шумор мерафтанд.
Мессиро муҷозот ва 1,5 ҳазор доллар ҷарима бастанд
Дар натиҷаи овозиҳӣ Лео Месси аз рақибонаш пеш гузашта, сазовори ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ"- 2019 гардид.
Ҳамин тавр Лео маротибаи шашум дар корномаи варзишиаш ба гирифтани ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" даст ёфт, ки ин натиҷа дар таърихи футбол бесобиқа унвон мешавад.
Мессии хурдакаки афғонро толибон таъқиб мекунанд - Навор
Қаблан Месси дар солҳои 2009, 2010, 2011, 2012 ва 2015 ин ҷоизаро соҳиб гардида буд. Акнун Лео дар хазинаи дастовардҳояш шаш “кафши тиллоӣ” ва шаш “тӯби тиллоӣ” дорад, ки ин натиҷа то имрӯз ба ягон футболбози дигар даст надодааст.