Кор барои донишҷӯён: дар Маскав чигуна дар баробари таҳсил метавон кор кард

Кори хуб давраи донишҷӯйи ба донишомӯзон на танҳо пул балки таҷрибаи корӣ, дониш ва малакаи касбӣ низ меорад
Sputnik

Қисмати зиёди донишҷӯёни тоҷик дар баробари дарсҳои донишгоҳ дар Маскав ба корҳои аз рӯи вақт нимрӯза, соатакӣ ва ҳатто пурра мепардозанд ва баро хароҷоти худ пул пайдо мекунанд. Корро метавон чӣ дар дохили донишгоҳ ва чӣ берун аз он пайдо кард, муҳим он, ки аз дарсҳо қафо намонд.    

Дар донишгоҳ ва ё берун аз он

Масъалаи пайдо кардани сарчашмаи даромад барои донишҷӯён дар ҷомеа хамеша ҷои худро дорад, чунки дилхоҳ идрорпулии донишҷӯ аз музди меҳнат камтар аст. Донишҷӯй метавонад дар баробари дарсҳояш кор ҳам кунад ва соҳиби маблағе ҳам гардад, барои ин ба донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия иҷозатномаи корӣ лозим намешавад.  

Сергей Лавров аз мушкилоти кор бо муҳоҷирон гуфт

Бештари донишгоҳҳо барои донишҷӯён ҷойҳои корӣ низ пешниҳод мекунанд. Чун қоида донишҷӯёни рӯзона дар ним баст кор мекунанд, донишҷӯёни шабона бошанд метавонанд як басти пурра кор кунанд. Тобистон метавонанд ба гуруҳҳои корӣ ба сохтумонҳо раванд.

“Агар дар донишгоҳ ҷои кори холӣ бошад метавон дар он ҷо ба кор шуруъ кард. Ҳамчунин донишгоҳҳо ба донишҷӯён кумакҳои молӣ мекунанд”, - мегӯяд донишҷӯйи Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г.В. Плеханов, Мақсадҷон Ризоев, ки аз Тоҷикистон ба Маскав барои хондан омадааст.

Новобаста аз он, ки дар донишгоҳҳо имкони кор кардан ҳаст, аммо бештари донишҷӯён пайдо кардани корҳои фосилавиро, ки маоши беҳтар доранд авлотар медонанд. Дар ин корҳо барномасозони оянда бештар муваффақ мегарданд. Онҳо ба осони корҳои фосилавӣ мувофиқи ихтисосҳояшон пайдо мекунанд.

Кумитаи кор бо ҷавонон мутахассис меҷӯяд: маош аз 768 то 936 сомонӣ

Ҳамчунин корҳои маъмули барои донишҷуён дар соҳаҳои хидматрасонӣ: пешхидмат, фурушанда, маъмурият, курер, тақисимоти эълонҳо, рекламаҳо ва ғайраҳ мебошанд. Чунин корҳо дорои ҷадвали кории махсус буда сари вақт маошро месупоранд.

Набояд фаромӯш кард, ки барои ба кор шуруъ кардан шаҳрванди хориҷӣ бояд 18-ро пур карда бошад ва дорои ҳуҷҷати иҷоза барои кор бошад. Ин ҳуҷҷат ба донишҷӯёни рӯзонаи донишгоҳҳо аз рӯи ихтисос дода мешавад ва донишҷӯй танҳо дар ҳамон минтақаи донишгоҳ кор карда метавонад.

Ба гуфтаи Мақсадҷон Ризоев донишҷӯён набояд аз рӯзи аввали донишҷӯи ба кор шуруъ кунад.  

“Албатта донишҷӯй метавонад кор кунад ва худро таъмин кунад ва дастнигарӣ волидайну ёру бародарон набошад, аммо аз рӯзи аввали донишҷӯйи ба кор оғоз кардан хоҳ нохоҳ мушкилтар аст. Ту танҳо ба ҳаёти донишҷӯйи ворид мешавӣ ба як фазои нав ҳама чиз бароят ношинос аст, бояд каме одат кард баъд ба кор пардохт”, - гуфт ӯ.

Кор барои донишҷӯён: дар Маскав чигуна дар баробари таҳсил метавон кор кард

Донишгоҳ ҳамчун миёнрав дар ҷустуҷӯи кор ба донишҷӯён

 Кори хуб давраи донишҷӯйи ба донишҷӯён на танҳо пул балки таҷрибаи корӣ, дониш ва малакаи касбӣ низ медиҳад. Кумакҳои марказҳои рушди коромӯзӣ, ки дар ҳамаи донишгоҳҳо фаъол мебошанд ба донишҷӯён кам нестанд.

Порадиҳӣ барои кор дар сохторе, ки амнияти Президентро таъмин мекунад: рутбаю мансабфурӯшӣ

Кормандони чунин марказҳо бо донишҷӯён машваратҳо барпо намуда, ба онҳо дар омода намудани ҳолномаи муфид кумак мерасонанд, то ки ба корфармоён писанд бошад. Онҳо намояндагони ширкату корхонаҳои гуногунро барои мулоқот бо донишҷӯён даъват менамяонд.

Дар як сол чанд маротиба ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ баргузор мегардад, ки хатмкунандагон ба воситаи ин метавонанд ба худ аз рӯи ихтисос кори мувофиқ пайдо кунанд.

Дар донишгоҳҳои бонуфузи Маскав дар як сол зиёда аз 100 ширкату корхонаҳо ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ холи пешниҳод мекунанд ва бо донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун вохӯрӣ баргузор менамоянд. Ин ширкатҳо ҳамчунин барои донишҷӯён мастер-класс-ҳо низ баргузор менамяонд. Донишҷӯён дар ширкату корхонаҳое, ки бо донишгоҳ шартнома доранд таҷрибаомӯзӣ гузашта ба ин восита соҳиби ҷойи кор низ мегардаднд.

Пайдо кардани ҷои кор ба воситаи коромӯзӣ

Ҳангоми коромӯзӣ ба донишҷӯён маоши хуб намедиҳанд, аммо онҳо сбаб мешаванд, ки коргару корфармо аз шарту шароит ва қобилияту малакаи якдигар огоҳ гарданд. Дар натиҷаи кори муваққатӣ метавон аз рӯи ихтисос ба фаъолият шуруъ кард.

Коромӯзӣ дар корхона ва ташкилотҳои хуб ба донишҷӯён дар баробари таҷриба ба ҳолномаашон боз як плюси дигарро зам мекунад, ки дар оянда ҳангоми иштирок дар ягон ҷои корӣ холи тариқи озмун ва ё интихоб ба кас кумаке мебошад. Чунки дар ягон корхонаи пешрафта мутахассиси бетаҷрибаро ба кор қабул намекунанд.

Ёдгор Файзов: хатмкунандагони литсеи Оқохон дар Урупо ва Амрико кор мекунанд

Вақте, ки донишҷӯй мақсади кор кардан дорад бояд ӯ фикр карда барояд, ки оё ӯ метавонад дар як вақт ҳам кор кунад ва ҳам аз дарсҳои донишгоҳаш қафо намонаду номаш ба хориҷ набарояд. Бояд мувофиқи имкониятҳои худ амал кард.  

Дар ин ҳол бисёр донишҷӯёни кор мекардагӣ қоиланд, ки муаллимон онҳоро ба қавле “мефаҳманд”  ва ба онҳо дар ҳолати доштани ғоибҳо мушкиле эҷод намекунанд. Корфармоён низ ба донишҷӯён имкониятҳо медиҳанд, то ки аз дарсҳояшон дер намонанд.

“Ман дар ҷои корам беҳтарин ҳамкорон ва роҳбари хубе дорам, ки ҳатто барои он ки аз дарсҳоям дер намонам онҳо дар ташвиш меафтанд. Ҳамчунин онҳо маро барои дер ҳозир шудан дар ҷои кор, аз сабаби ҷадвали дарсҳо чизе намегуянд ва вазъро мефаҳманд”, - гуфт Мақсадҷон Ризоев.

Агар донишҷӯй бо фаросат ва меҳнатдӯст бошад, вай доим метавонад ҷояшро дар ҷомеа пайдо кунад.