Автобус бо 36 мусофир чаппа шуд: 8 нафар ҳалок ва 21 тани дигар захм бардоштанд

Иллати сар задани садама яхбандии роҳ гуфта мешавад. Чун ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромад, автобус бо 35 мусофир чаппа шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Дар Қазоқистон автобуси мусофирбар бо 36 нафар дучори садама шудаст, хабар медиҳад Sputnik Казахстан.

Автобус бо 72 мусофир аз Тоҷикистону Узбакистон дар Қазоқистон дучори садама шуд

Бар хабари манбаъ, садама субҳи барвақти имрӯз, тақрибан соати 05:25 дақиқа дар 85 километри вилояти Қизилорда рух додаст.

Дар натиҷаи садамаи маргбор дасти кам 8 нафар ба ҳалокат расида, ҳамзамон 21 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Рӯзи мотам дар Забайкал: садамаи мудҳиш ҷони 19 мусофирро рабуд - акс

Гуфта мешавад, автобус бо 36 кормандони ширкати нафт аз Кумколя самти вилояти Қизилорда ҳаракат дошт.

Иллати сар задани садамаи маргбор яхбандии роҳ арзёбӣ мешавад. Чун як рӯз қабл боронгарии шадид буд ва сипас ҳаво бесобиқа сард шуда, роҳҳо ях бастанд.

Зимнан Вазорати беҳдошти Қазоқистон мегӯяд, ки 16 нафар ҷароҳатбардошта дар ҳолати муътадил қарор доранд, вале вазъияти 6 мусофири автобус вазнин арзёбӣ мешавад.

Ҳалокати тоҷикону узбакҳо дар садамаи пурқурбонӣ дар Русия-видео

Гуфта мешавад, захмбардоштагоне, ки дар ҳолати вазнини қарор доранд, ба бемористонҳои марказӣ интиқол хоҳанд ёфт.

Ҳамаи 36 мусофири автобус шаҳрвандони Қазоқистон ҳастанд.