Навори бархӯрди мошини ёрии таъҷилӣ бо худрави "Тойота Кемри" дар Душанбе

Ба мошини ёрии таъҷилӣ, ки бо суръати баланд ҳаракат дошт, худрави тамғаи "Тайота Кемри" бархӯрд, ки дар натиҷа мошиникормандони тиб чаппа шуд
Sputnik

Сомонаи "Оила” видеои нодири лаҳзаи садамаи мошини "Ёрии таъҷилӣ” дар шаҳри Душанберо нашр кардааст.

Бино ба гузориши ин нашрия, садама рӯзи 1 декабр, соати тақрибан 14 дар кӯчаи Беҳзод дар чорроҳаи боғи ба номи Алишер Навоӣ рух додааст. Ҳангоми сурх будани чароғак ба мошини "Ёрии таъҷилӣ”, ки бо суръати баланд ҳаракат дошт, ногаҳон аз тарафи рост як мошини тамғаи "Тойота Кемри” бархӯрдааст.

 "Дар натиҷа ронандаи мошини ёрии аввалини тиббӣ дар ҳолати садамавӣ натавонист чаппа шудани нақлиёти тиббиро пешгирӣ намояд”, гуфта мешавад дар гузориш.

Ба наворбардор муяссар шудааст, ки дақиқан лаҳзаи садамаро ба навор бигирад. Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна мошини "Ёрии таъҷилӣ” дар роҳ чаппа шуда, баъди чаппашавӣ боз чандин метри дигар лағжида меравад.