Ҳадаф музокира бо Толибон ё сипосгузорӣ ба низомиён: навори боздиди Трамп аз Афғонистон

Раисиҷумҳури Амрико Доналд Трамп ғайричашмдошт аз Афғонистон боздид кард ва бо сарбозони амрикоӣ мулоқот анҷом дода, онҳоро бо Рӯзи сипосгузорӣ табрик кард. Ҳадс зада мешавад, ки сафар Трамп ба ин кишвар бешубҳа оғози даври нави музокирот бо Толибон аст
Sputnik

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп бо ҳамроҳии ҳамсараш Мелания шоми панҷшанбе озими Афғонистон гардида буд. Ин сафари ғайриинтизори Трамп ба Афғонистон буд, ва ҳамзамон нахустин ташрифи ӯ аз Ҷумҳурии Афғонистон мебошад.

Толибон дар Теҳрон бо ҳукуматдорони Эрон музокира карданд

Бори охирин собиқ раисҷумҳури Амрико Барак Обама соли 2014 ба Афғонистон ташриф оварда буд.

Ҳангоми сафари худ раисҷумҳури Амрико бо президенти Афғонистон  Ашраф Ғанӣ мулоқот кард. Пас аз анҷоми мулоқот Трамп дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки "Толибон" паймони сулҳ мехоҳанд.

"Мо то замоне, ки ба сулҳи ин кишвари ҷангзада муваффақ нашавем, қаламрави Афғонистонро тарк нахоҳем кард",  - афзудааст Доналд Трамп.

Вай инчунин гуфт, ки Амрико ният дорад ҳузури низомиёни худро дар ин кишвар ба таври назаррас коҳиш диҳад, аммо дақиқан нагуфт, ки чӣ миқдор низомии амрикоӣ дар Афғонистон боқӣ мемонад.

Имрӯзҳо 13000 низомиёни Амрико дар Афғонистон қарор доранд. Нерӯҳои амрикоӣ пас аз ҳамлаи 11 сентябри соли  2001 ба Афғонистон ворид шуданд ва то ҳол дар ин кишвар мусақаранд. Бояд гуфт, ки ин тӯлонитарин ҷанги низомӣ дар таърихи Амрико аст.

Музокирот байни намояндагони ҳукумати Амрико ва Толибон пас аз он ки дар натиҷаи як ҳамалоти ҷангиёни толибон, низомии амрикоӣ ҷон дода буд, ба таъхир афтод.