Пасттарин маошро дар Тоҷикистон киҳо мегиранд?

Маълум гардидаст, ки маоши пасттаринро дар Тоҷикистон кормандони кишоварзӣ ва ҷангалдорӣ мегиранд. Маоши калонтарин бошад насиби кормандони бонк ва суғурта аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Музди камтарини моҳона дар Тоҷикистон аз они коргарони кишоварзӣ ва ҷангалдорӣ мебошад, хабар медиҳад агентии ТоҷикТА.

Пешбинии Ҳукумат: эълони қурби доллар барои соли 2020

Манбаъ аз қавли Ожонсии омор иттилоъ медиҳад, ки кормандони ин ду соҳа дар як моҳ 532 сомонӣ, муодили 54 доллар дарёфт мекунанд.

Зимнан, қайд мегардад, ки кормандони бонк ва суғурта дорандагони музди калонтарин дар Тоҷикистон буда, онҳо моҳона 3 ҳазору 330 сомонӣ музди меҳнат касб мекунанд.

Нигаронии Раҳмон аз маошу марги кормандон дар ҷои кор: 47 нафар фавтиданд

Гузашта аз ин музди коргарони бахши истихроҷ 2,7 ҳазор сомонӣ, коргарони сохтусозӣ 2,7 ҳазор сомонӣ ва коргарони бахши энерживу обрасонӣ 1,9 ҳазор сомонӣ аст.
Бар асоси додаҳои манбаъ, музди миёнгини моҳона дар Тоҷикистон дар сентябр 1 ҳазору 325 сомонӣ буд. Музди ҳадди ақалл 400 сомонӣ муодили 41 доллар аст.