ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико барои маротибаи нахуст озими Афғонистон ва бо президенти ин кишвар Ашраф Ғанӣ дидор ва мулоқот орост, хабар медиҳад The New York Times.
Трамп бидуни огоҳӣ рӯзи 28 - уми ноябр ба Афғонистон рафт. Сафари ғайриинтизори ӯ ба Рӯзи сипосгузорӣ дар Амрико рост омад.
Манбаъ меафзояд, Трамп ба хотири изҳори сипос ба низомиёни амрикоии мустақар дар Афғонистон ба қаламрави ин кишвар омад ва бо ҳарбиёни кишвараш мулоқот кард.
Гуфта мешавад, ба хотири таъмини амнияти раисҷумҳури Амрико сафари ӯ ба Афғонистон пинҳонӣ сурат гирифт.
Трамп аснои мулоқот намудан бо низомиёни амрикоӣ афзудааст, ки тасмим дорад сафи онҳоро дар ин кишвар ба маротиб коҳиш диҳад. Вале дақиқан нагуфт, ки чӣ миқдор низомиёни Амрико аз қаламрави Афғонистон берун карда мешаванд.
Гузашта аз ин,Трамп бо раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ низ мулоқот намуда, афзудаст, ки Толибон омода ҳастанд бо ҳукумати ин кишвар созиш кунанд.
Толибон дар Теҳрон бо ҳукуматдорони Эрон музокира карданд
Ҳамзамон Трамп аз он изҳори умед кардаст, ки ба ҷанги 18 - сола дар Афғонистон хотима медиҳад ва то замоне, ки бо толибон комилан созиш накунад, низомиёнашро аз ин кишвар берун намеорад.
Ёдовар мешавем. ки қаблан як ҳайати ҳукумати амрико дар Доҳа бо намояндагони ҷунбиши ҳаракати Толибон сари мизи музокира нишастанд вале ҳамоно ба созиши пурра нарасиданд.
Толибон мегӯянд то замоне, ки Амрико низомиёни худро аз Афғонистон берун намекунад, ба муборизаи худ хотима намедиҳанд.