Медали биринҷии мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар қаҳрамонии АФОМ

Дастаи мунтахаби бонувони зери 23 - солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ба гирифтани медали биринҷӣ ноил шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Мунтахаби бонувони Тоҷикистон аз миёни 6 дастаи минтақа мақоми сеюмро ишғол намуда, бо медили биринҷӣ сарфароз гардиданд.

Шикасти дастаи Тоҷикистон: бонувони Эрон ба дарвозаи Тоҷикистон 4 голи беҷавоб заданд

Ба иттилои Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон, мунтахаби бонувони тоҷик бо роҳбарии сармуррабӣ Тоҷиддин Наботов дар қаҳрамонии АФОМ ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Футболбоздухтарони тоҷик дар доираи қаҳрамонӣ 5 бозӣ анҷом дода, дар ду бозӣ ғолибият ба даст оварданд. Мунтахаби бонувони Тоҷикистон аз тимҳои Эрону Узбакистон шикаст хӯрда, дар бозӣ бо дастаи футболбозони Афғонистон бо ҳисоби калони 5:1 ва бо туркманҳо 2:0 пирӯзӣ ба даст оварданд.

Бозии мунтахаби занони Тоҷикистон ва Туркманистон

Бозии мунтахаби бонувони Тоҷикистону Қирғизистон мусовӣ 0:0 анҷом ёфт.

Дастаи мунтахаби бонувони Узбекистон бо 15 хол ғолиби "CAFA U-23 Women’s Championship" гардид. Медалҳои нуқра бо 12 хол насиби тими бонувони Эрон шуд.