Лавров: Русия кумакашро ба Осиёи Марказӣ қатъ намекунад

Русия дар оянда низ кумакашро ба кишварҳои Осиёи Миёна қатъ намекунад, қайд кард Вазири умумри хориҷаи Русия Сергей Лавров ҳангоми баргузории самити ОДКБ дар Қирғизистон
Sputnik

Ба гуфтаи Вазири умумри хориҷаи Русия, Сергей Лавров Русия дастгириашро ба кишварщои Осиёи Марказӣ давом медиҳад. 

Дастгириамонро ба навсозии инфрасохтор ва соҳаи иҷтимоии кишварҳои Осиёи Марказӣ давом медиҳем. Аз соли 2008 инҷониб ҳаҷми умумии кумакҳои бебозгашти Русия чӣ дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва чӣ дар чаҳорчубаи институтҳои бисёрҷониба аз 6 млрд гузаштааст.

Агар мо ҳамкориҳоямонро дар ин соҳа танҳо бо Қирғизистон нигарем, то Русия ба он тавасути Барномаи озуқаи ҷаҳонии СММ зиёда аз 70 миллион доллар қудо кардааст.

Ҳаҷми умумии грантҳои русӣ баҳри дастгирии буҷаи давлатии Қирғизистон дар 7 соли охир 311 миллион долларро ташкил мекунад, ҳамчунин соли гузашта Русия қарзи Қирғизистонро ба ҳаҷми 240 миллион доллар бахшида буд.