Ҷалби сармоя ва тақвияти ҳамкорӣ: раиси вилоят ва соҳибкорони Суғд ба Белорус рафтанд

Ахиран Раиси вилояти Суғд бо гуруҳе аз роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва намояндагони доираҳои тиҷоратии вилоят ба Белорус сафар кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва ҳайати соҳибкорон  дар Минск бо иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Минск Игор Макар дидору гуфтугӯ карданд.

Боздиди Раҳмон аз Корхонаи истеҳсоли трактор дар Минск

Бино бар иттилои дафтари матбуоти вилояти Суғд, зимни мулоқот тарафҳо  дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуда, омодагии худро барои тақвияти робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ баён намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода таъкид доштааст, ки барои густариши робитаҳои тиҷоратӣ миёни вилояти Суғд ва Белорус имкониятҳо хеле зиёд аст.

“Масалан, дар вилояти Суғд пахта ва маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз ҷумла меваҷоту сабзавот ва асал истеҳсол карда мешавад. Вилояти Суғд ҳавасманди содироти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба бозорҳои Белорус аст ва ҳамзамон ташкили корхонаҳои коркарди меваву сабзавот, коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд”, - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Минск Игор Макар зикр кард, ки тарафҳо метавонанд бо ташкили корхонаҳои муштарак коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқро ба роҳ монанд.

Вакилони Тоҷикистон ба Минск сафар карданд

“Дар вилояти Суғд меваву сабзавот ва хушкмева фаровон истеҳсол мегардад ва дар ин самт низ имкони ташкили корхонаҳои коркарди маҳсулот мавҷуд аст”, - қайд кард Игор Макар.

Зимнги мулоқот тарафҳо тасмим гирифтанд, ки дар оянда ҳамкориҳо миёни вилоятҳо боз ҳам тақвият хоҳад ёфт.

Манбаъ таъкид доштааст, ки ҳайати вилояти Суғд зимни сафари худ аз як қатор корхонаҳо боздид карда, бо шарикони белоруси худ барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба суҳбату мулоқотҳо анҷом доданд.