ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар қароргоҳи давлатии Ала- Арча мулоқоти сарони кишварҳои узви СААД ифтитоҳ ёфт, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Дар кори ин ҷаласа раисҷумҳурон: Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин, Қосим- Жомарт Тоқаев, Сооронбой Жээнбеков, Александр Лукашенко ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян ширкат меварзанд.
Раҳмон бо Жээнбеков масъалаи марзро баррасӣ кард
Кишвардорони шаш давлати узви ин созмон, масоили амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ва инчунин рушди неруи низомии созмонро баррасӣ хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, дар фарҷоми нишасти мазкур ба имзо расидани шаш санади муҳим ба назар гирифта шудаст.
Маврид ба ёдоварист, ки ба узвияти СААД Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус ва Арманистон шомил ҳастанд.
Баҳси масоили дохилӣ: Раҳмон баъди Бишкек ба Тошканд меравад
Ҳадафи асосии ин созмон ҳифзи фазои минтақавӣ ва иқтисодии кишварҳои узв аз ҳамалоти таҷовузкорони низомӣ-сиёсӣ, терроризм ва инчунин офатҳои табиӣ мебошад.