Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Иркутск, ки дар терроризм айбдор мешавад - видео

Дар минтақаи Иркутски Русия шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шуд, ки ба ҷалби нафарони дигар ба гурӯҳҳои террористӣ машғул буд
Sputnik

Шаҳрванди Тоҷикистон ба фаъолияти террористӣ дар қаламрави Русия айбдор мешавад.

Доми гурӯҳҳои ғаразнок. Коррупсия, терроризм... ва ҷавонони Тоҷикистон

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия хабар додааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон  солҳои тулонӣ ба ҷалби шахсони дигар ба хусус наздикону рафиқони худ барои пайвастан бо гуруҳи террористии ДОИШ (мамнуъ дар қаламрави Русия) машғул будааст. Вай аз рафиқону наздикони худ даъват мекардааст, ки дар ҷанг дар қаламрави Сурия дар сафи гурӯҳҳои террорстӣ иштирок намоянд.

Ҳамчунин, вай дар содир намудани дигар ҷиноятҳо низ айбдор мешавад. Дар ҳоли ҳозир, шаҳрванди Тоҷикистон аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия боздошт шудааст.

Инчунин, хабр дода шудааст, ки Додгоҳи Тагански шаҳри Маскав қарореро дар бораи боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҷалби мардум ба сафи гурӯҳҳои террористӣ бо истифода аз интернет айбдор мешаванд, содир намудааст.