ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз дар ташкилоти қарзии кишвар қурби миёнаи фурӯши 1 рубли русӣ бо ҳисоби миёна аз 0.1519 то 0.1545 сомониро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон имрӯз қурби як рублро зимни харид 0.1505 ва зимни фурӯш 0.1520 сомонӣ нишон додаанд.
Ба иттилои Бонки миллӣ, қурби миёнаи фурӯши 1 доллари нақд имррӯз дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 9.6926 то 9.7000 сомонӣ ва 1 евро аз 10.7239 то 10.8000 сомониро ташкил медиҳад.
Ин ниҳод дар бозори ғайринақдӣ қурби расмиро барои 1 доллари ИМА - 9.6926 сомонӣ, 1 евро - 10. 7239 сомонӣ ва 1 рубли русиро 0.1519 сомонӣ муқаррар кардааст.
БМТ ҳушдор додааст, ки берун аз дафтари асосии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.