Рост! посухи Ятимов ба супориш барои “пеш кардани намешудагиҳо аз система”-видео

Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ Тоҷикистон ба дастури раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, барои пеш кардани “намешудагиҳо аз система” посух дод, ки “рост гуфтед”
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқот бо кормандони мақомоти додгоҳӣ гуфт, додрасҳое, ки аз рӯи виҷдон ва пок кор мекунанд, миёни мардум бидуни ягон радио ва телевизион шинохта мешаванд. Раисиҷумҳур барои онҳое, ки ҳадафашон аз кор дар мақомҳои давлатӣ танҳо қонеъ кардани нафси бади худ мебошад, роҳи дигари бойшавиро гуфт. 

Пешниҳоди ахбори носаҳеҳ ба Президент: эроди Раҳмон аз ёвар, Ятимов ва додситони кул-видео

Ӯ дар мулоқоти вижа бо додрасҳо изҳор дошт, ки пайваста ба кадрҳои навтаъин мегӯяд, агар ҳадаф суди молӣ бошад, беҳтараш дар ин низом кор накунанд.

Раҳмон аз якчанд раисони суд, судяҳо зикр кард, ки 7-8 нафар фарзанд доштаанду ӯ ба хотири фарзандҳояшон, нагузоштааст, кӯдаконашон ятим шаванд. Эмомалӣ Раҳмон аз ҳозирин даъват кард, ки фикри худу фарзандонашонро кунанд.

“Ҳар кадоми шуморо дар вақти суҳбат ман таъкид кардам, агар мансаби судягӣ танҳо барои як ҳадаф – қонеъ кардани нафси бади худ бошад, хубаш, ки дар система кор накунед, соҳибкорӣ кунед, тиҷорат кунед, бизнес кунед, бой мешавед, равед”, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар мавриди ҷобаҷогузории кадрҳо дастур дод, ки кори кадрҳоро дар шаҳру навоҳӣ таҳлил кунанду “намешудагияш”-ро аз низом пеш кунанд.

Раисиҷумҳур ба Ятимов гуфт, тарбият кардан даркор, бинед аз ҳад зиёд аст, аз низом хориҷ кардан зарур аст.

“Маълумот пешниҳод кунед, намешудагиша аз система пеш кардан даркор”, - супориш дод Эмомалӣ Раҳмон ба Ятимов.

Дар идома раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ суол кард, ки барои рафъи камбудиҳои зикршуда, чӣ мушкил аст, чӣ халал мерасонад дар мақомоти судӣ.  Шоҳиён посух дод, ки ягон проблемаҳои ҷиддӣ нест, шароити корӣ ва  таъминот хуб аст, фақат масъулият зарур аст.