Нурмуҳаммадов зимни нишасти матбуотӣ дар Тошканд гуфт, толори Ҳумо-арена, ки пӯшида асту имкони ғунҷоиши беш аз 15 ҳазор нафарро дорад, ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.
Ӯ изҳор дошт, ки агар мақомоти Узбакистон бо раёсати UFC созиш кунанд, омода аст, яке аз рақобатҳояшро дар ин толор гузаронад.
Истиқболи ғайриоддии Ҳабиб Нурмуҳаммедов дар Тошканд - навор
Ӯ инчунин таъкид кард, ки ғизо дар Узбакистон тамоман дар сатҳи дигар аст.
“Хеле ҷойҳоро дидаам, аммо чунин ғизоҳои хушлаззатро нахӯрдаам”, - изҳор дошт Нурмуҳаммадов.
Қаҳрамони ҷаҳон дар мавриди рақобати бародараш – Умар Нурмуҳаммадов дар Тошканд изҳор дошт, ки ин зӯрозмоӣ ҷолиб хоҳад буд ва дар сурати пирӯзӣ Умар метавонад бо UFC созишнома бандад.